Вохӯрии судяҳои суди шаҳри Душанбе ва суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур
Вохӯрии судяҳои суди шаҳри Душанбе ва суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи тадбиқи нақша чорабиниҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур санаи 01 майи соли 2026 баргузор гардид.
Дар вохӯри судяҳо бо омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи мазкур вобаста ба масалаҳои мубрами рӯз аз ҷумла хатари ифротгароӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва падидаҳои нигароникунанда дар байни ҷавонону ноболиғон, тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъориф”, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ибрози назар карда шуда. Таъкит гардид, ки чунин омилҳо номатлуб метавонанд ба ояндаи ҷавонон таъсири ҷидди расонида, суботи ҷомеъаро халалдор созад инчунин дар шароити муосир ҳифзи амнияти миллӣ ва солимии ҷомеъа махсусан миёни насли ҷавонон аҳамияти аввалин дараҷа дорад аз ин рӯ баланд бардоштани сатҳи маърифатноки ҳисси ватандӯсти ва масъулияти шаҳрванди ҷавонон яке аз роҳои асоси пешгирии чунин падидаҳои хатарнок ба ҳисоб меравад.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Раҳмонзода А.Р.
Суди шаҳри Душанбе 