Баргузории футболи хурд бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт

Дар мусобиқаи футболи хурд, ки бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт баргузор гардид, дастаи Суди шаҳри Душанбе бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ ва рӯҳияи баланди даставӣ сазовори ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ байни кормандони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонии иштирокчиён мусоидат менамояд.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Раҳмонзода А.Р.
Суди шаҳри Душанбе 