Тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар осоишгоҳи “Сароб”

Бо ташабуси Суди Олӣ ва маркази таълимии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 02 то 04 феврали соли 2026 дар осоишгоҳи “Сароб” тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор гардида истодааст, ки дар раванди он судяҳои Суди шаҳри Душанбе  Раҷабзода С.Р. ва Абдураҳимзода Д.С.  иштирок доранд.

Дар ҷараёни тренинг омӯзиши “Стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, намудҳои табъиз ва аҳамияти фарқгузорӣ, механизмҳои ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар назар дошта шудааст.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.