ШАРҲИ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз,  30 январи соли 2026 бо ташаббуси Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки судяҳои Суди Олӣ, суди шаҳри Душанбе, судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тобеи ҷумҳурӣ ҷамъомади тантанавӣ оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. зимни суханрони паҳлуҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ дода, таъкид намуд, ки барои дар амал ҷорӣ намудани ҳадафҳои аз Паём бармеомада моро зарур аст, ки якҷоя бо дарки баланди масъулият вазифаҳои бар душамон гузошташударо поквиҷдонона иҷро намоем.

Ҳамзамон дастур доданд, ки судяҳои ҷумҳурӣ дар шарҳу тавзеҳи Паём дар маҳаллҳо фаъол бошанд.

Инчунин дар ҷамъомад Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои мадании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохонзода А. ва судяи суди шаҳри Душанбе Насруллозода С.Н. дар мавзуҳо  вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.