ШАРҲИ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ МАОРИФ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 санади муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро барои марҳилаи нав муайян менамояд. Паём дар маҷмӯъ ҳамаи соҳаҳои калидии ҳаёти давлат ва ҷомеаро фаро мегирад ва ҳамчун барномаи ягонаи рушди устувор хизмат мекунад.

Дар Паёми Президенти кишвар масъалаҳои таҳкими сулҳу суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ, саноатикунонӣ, амнияти энергетикӣ, кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ, сиёсати иҷтимоӣ, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, тақвияти нақши занон, волоияти қонун, адолати судӣ, мубориза бо коррупсия, рушди фарҳанг ва сиёсати хориҷӣ ба таври мукаммал инъикос ёфтаанд.

Моҳияти асосии Паём дар он ифода меёбад, ки рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар бояд ҳамзамон бо таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва волоияти қонун сурат гирад. Аҳамияти Паём дар он аст, ки он аз ҳар як мақомоти давлатӣ, аз ҷумла низоми судӣ, гузариш аз иҷрои шаклӣ ба натиҷаи воқеӣ, масъулияти баланд ва адолати касбиро талаб мекунад.

Соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пояи асосии рушди устувори давлат, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини амнияти миллӣ баррасӣ мегардад.Дар ин санади барномавӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, он ҳамчун сармоягузории бевосита ба инсон ва ояндаи миллат арзёбӣ шудааст.

 
        Дастрасии умумӣ ба таҳсилот

Яке аз нуктаҳои муҳими Паёми Президент таъмини дастрасии баробар ба таҳсилот барои тамоми аҳолӣ мебошад. Давлат сиёсати худро ба он равона намудааст, ки кӯдакон ва наврасон новобаста аз ҷойи зист, шароити иҷтимоӣ ва вазъи иқтисодии оила ба таҳсилоти босифат дастрасӣ дошта бошанд.

Дар ин замина, сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, аз ҷумла мактабҳо ва кӯдакистонҳо, таҷдиди муассисаҳои мавҷуда ва беҳтар намудани инфрасохтори онҳо вазифаҳои муҳим арзёбӣ мегарданд. Хусусан, дар деҳот ва минтақаҳои дурдаст бунёди мактабҳои замонавӣ аҳамияти калон дорад.

 

 

         Рушди таҳсилоти томактабӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём рушди таҳсилоти томактабиро яке аз самтҳои калидии сиёсати маориф арзёбӣ мекунад. Таъкид мешавад, ки маҳз дар ин марҳила асосҳои маърифати зеҳнӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоии кӯдак ташаккул меёбанд. Аз ин рӯ, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ вазифаи аввалиндараҷа мебошад.
Давлат барои зиёд намудани шумораи кӯдакистонҳо, ҷорӣ намудани шаклҳои алтернативии таълими томактабӣ ва ҷалби бахши хусусӣ тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳадаф аз ин иқдомҳо таъмини омодагии кӯдакон ба таҳсилоти мактабӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар зинаҳои минбаъда мебошад.

          Сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ

Баланд бардоштани сифати таҳсилоти миёнаи умумӣ яке аз меҳварҳои асосии Паёми Президент мебошад. Президенти кишвар зарурати таҷдиди барномаҳои таълимӣ, мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва талаботи ҷомеаи муосирро таъкид менамояд.
Дар Паём ба масъалаи рушди тафаккури интиқодӣ, қобилияти таҳлилӣ, донишҳои амалӣ ва истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим диққати махсус дода мешавад. Ин равиш имкон медиҳад, ки хонандагон на танҳо донишҳои назариявӣ, балки малакаҳои амалӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити тағйирёбандаи зиндагиро аз худ намоянд.

         Нақши омӯзгор дар низоми маориф

Омӯзгор дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахсияти калидии низоми маориф муаррифӣ мегардад. Таъкид мешавад, ки сифати таҳсилот пеш аз ҳама аз сатҳи касбият, маънавиёт ва масъулияти омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.
Дар Паём масъалаҳои беҳтар намудани шароити моддии омӯзгорон, зиёд намудани музди меҳнат, фароҳам овардани шароити мусоиди кор ва зиндагӣ, инчунин такмили ихтисос ва бозомӯзии мунтазами онҳо мавқеи муҳим доранд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани ҳавасмандии омӯзгорон ва ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳаи маориф мусоидат мекунанд.

        Такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо

Яке аз самтҳои афзалиятноки Паёми Президент рушди низоми такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ мебошад. Бо дарназардошти рушди босуръати илм ва технология, омӯзгорон бояд пайваста дониш ва малакаҳои худро такмил диҳанд.

Дар ин самт истифодаи курсҳои муосири таълимӣ, омӯзиши фосилавӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва истифодаи платформаҳои рақамӣ аҳамияти хоса дорад. Ҳадаф аз ин тадбирҳо мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷаҳони муосир мебошад.

        Тарбияи ахлоқӣ ва ватандӯстӣ

Дар Паёми Президент таъкид мешавад, ки маориф бояд на танҳо дониш диҳад, балки шахсиятҳои дорои ахлоқи баланд, ҳисси масъулият ва ватандӯстиро тарбия намояд. Тарбияи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ яке аз вазифаҳои асосии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин замина, ҷорӣ намудани барномаҳои тарбиявӣ, баланд бардоштани нақши фанҳои гуманитарӣ ва таъриху фарҳанг дар раванди таълим аҳамияти калон дорад. Ҳадаф аз ин иқдомҳо ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз давлату миллат мебошад.

        Таҳсилоти олӣ ва илм

Рушди таҳсилоти олӣ ва илм дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самти стратегӣ муайян шудааст. Таъкид мешавад, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ бояд марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ бошанд ва бо истеҳсолот робитаи зич дошта бошанд.

Баланд бардоштани сифати таҳсилоти олӣ, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, рушди тадқиқоти илмӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир вазифаҳои асосии ин самт ба ҳисоб мераванд.

          Дастгирии ҷавонон дар соҳаи маориф

Ҷавонон дар Паёми Президент ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа муаррифӣ мегарданд. Давлат барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва рушди иқтидори зеҳнии онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Стипендияҳо, грантҳо, озмунҳои илмӣ ва барномаҳои байналмилалии таҳсил аз ҷумлаи василаҳои дастгирии ҷавонон мебошанд. Ҳадаф аз ин иқдомҳо ташаккули насли босавод, фаъол ва масъули ҷомеа мебошад.

       Ҳозирини гиромӣ! Таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки қисми зиёди баҳсҳои шаҳрвандӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ сар мезананд.      

Паёми Президент зарурати баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими омӯзиши фанҳои ҳуқуқиро таъкид мекунад.

Маорифи босифат дар оянда боиси коҳиши сарбории судҳо ва боло рафтани сифати адолати судӣ мегардад.

Мактабу донишгоҳи имрӯз судя, прокурор ва ҳуқуқшиноси фардоро омода месозанд. Сифати маориф мустақиман ба сатҳи касбият, ахлоқ ва масъулияти кадрҳои низоми адлия таъсир мерасонад.

Дар Паём таъкид мешавад, ки омӯзгор бояд соҳиби дониш, ахлоқи баланд ва масъулияти касбӣ бошад.

Яке аз паҳлуҳои муҳими Паём пешгирии ҷинояткорӣ тавассути маориф мебошад. Ҷавоне, ки соҳиби дониш, касб ва ҷаҳонбинии солим аст, камтар ба кирдорҳои ғайриқонунӣ рӯ меорад.

Ин раванд ба таҳкими суботи иҷтимоӣ ва коҳиши сарбории судҳо мусоидат мекунад.

Таҳлили мазкур нишон медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба рушди инсон, таҳкими давлатдорӣ ва пешрафти ҷомеа равона гардидааст.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 маорифро ҳамчун заминаи калидии адолати судӣ муаррифӣ менамояд. Ҳамкории маънавии суд ва маориф омили муҳими таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд мебошад.

Паёми Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқи барои фаъолияти мақомоти судӣ самтҳои афзалиятноки таҳкими қонуният, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандро муайян менамяод. Бо назардошти ин, аз ҳар як корманди суд масъулияти баланди касби талаб мегардад, то муҳтавои паём бо таври дуруст дар байни аҳоли шарҳ дода шуда, татбиқи амалии он бо хизмати софдилона ва риояи қатъии қонқнгузори  таъмин  гардад.

 

Судяи суди шаҳри Душанбе                                         Раҷабзода С.Р.

корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.