Вохӯрии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

Дар асоси нақшаи дохилиидоравии Суди шаҳри Душанбе, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Шоҳиён, судяҳои Суди шаҳри Душанбе Абдуллозода Г. ва Раҳимзода А. ва корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе ва Султонзода Б. таърихи дар Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳи мазкур вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионидошта ва роҳҳои мубориза бо онҳо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, гражданӣ, вобаста ба манзил, ҷои зисти кӯдакон ва сабаби бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии парокандашавии оилаҳо бо омӯзгорон ва донишҷӯни донишгоҳи мазкур вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.Суди шаҳри Душанбе

 

Корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе