ДУШАНБЕ ОИНАИ ФАРҲАНГУ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз пойтахтҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ буда, дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигари дунё ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардидааст.

Пойтахти маҳбуби тоҷикон шаҳри Душанбе маҳзани илму хирад, фарҳангу тамаддун ба ҳисоб меравад. Душанбеи нозанин шаҳри гулҳо, шаҳри дилҳову дидаҳои мардумон аст. Зебогии ин шаҳри ҷавону дилангез ҳадду канор надорад. Биноҳои баландошёнаи сохти замонавӣ, боғу гулзорҳо ҳусни пойтахтро ранги зебогӣ бахшидаву боз ҳам мебахшанд. Ин маркази илму хирад, фарҳангу суннат, оинаи тамаддуни мо тоҷикон аст.   Мардуми сарбаланду сарафроз  дар бунёду ободкории ҳар як гӯшаи пойтахт камари ҳиммат баста, дар рушди шаҳри Душанбеи нозанин боз ҳам талош меварзанд. Дар ин нуқта, зикр ба маврид аст, ки ин ҳама созандагиву навгониҳои наҷиб маҳз бо ибтикор ва ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба амал омаданд.

Мо ҳама сокинони пойтахт минбаъд низ бо масъулияти баланди хештаншиносӣ ва бунёдгароӣ барои ободиву пешрафти аз ин ҳам бештари шаҳри зебоямон Душанбе кӯшиш менамоем.

 

Сафаров Ҳикматулло   

                                                                                             корманди дастгоҳи  Суди шаҳри Душанбе