Вохӯрии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Вохӯрии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе бо кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Дар асоси нақшаи дохилиидоравии Суди шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Шоҳиён, муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Қурбониён А.Н., судяҳои суди шаҳри Душанбе Ҳамидзода Г., Раҷабали Аҳтам., Раҳимзода А. ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Фарҳодзода Н. ва Маликзода Н.Ғ. таърихи 06 марти соли 2019 дар Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи муроҷиати шахсони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионидошта ва роҳҳои мубориза бо онҳо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, гражданӣ, вобаста ба манзил, ҷои зисти кӯдакон ва сабабу шароитҳои бекоршавии ақди никоҳ, роҳҳои пешгирии парокандашавии оилаҳо ва баландбардории маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо иштироки ВАО (Телевизиони Сафина) вохӯрӣ баргузор намуданд.

 

Корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе