Ҳукми суд нисбати зане, ки дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ иштирок ва мусоидат кардааст, бетағйир гузошта шуд.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе дар ҳайати раисикунанда Бобохонзода А., судяҳо Шўҳратзода У. ва Нарзуллозода Ш.Н. бо иштироки прокурор Ҳувайдуллоева Д. маҳкумшуда Сафарова З.М. ва адвокати ў Мирзоев Б.М. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, 12 майи соли 2021 парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикояти кассатсионии маҳкумшуда Сафарова З.М. ва адвокати ў Мирзоев Б.М. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2021 дида баромад, ки бо он,
Сафарова Зайнаб Маҳмадовна, таваллудаш 8 майи соли 1992, зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби ду фарзанд, қаблан суд нашудааст, муваққатан бекор, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Қарабоев, бо моддаи 307 (3) қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомашон умумӣ таъин карда шудааст.
Маърўзаи судяи суди шаҳри Душанбе Нарзуллозода Ш.Н. баромади маҳкумшуда Сафарова З.М. ва адвокати ў Мирзоев Б.М. ки тағйир додани ҳукм ва қаноатбахш кардани шикояти кассастионӣ, хулосаи прокурор Ҳувайдуллоева Д., ки бетағйир монондани ҳукм ва беқаноат гузоштани шикояти кассатсиониро пурсиданд, шунида коллегияи судӣ, муайян кард.
Суди марҳилаи якум Сафарова Зайнаб Маҳмадовнаро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки ў давоми моҳҳои август-сентябри соли 2020 ҳангоми дар лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷ» (маблағгузории иловагӣ) дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият карданаш ҷинояти дар моддаи 307 (3) қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонуни пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернет ва ё ба тарзи дигарро содир кардааст.
Гунаҳгории маҳкумшуда Сафарова З.М. барои иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстримистӣ, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз шабакаи интернет, бо маводҳои дар қабати парвандаи ҷиноятӣ маҳфуз буда, ба ғайр аз худиқрории ў боз бо дигар маводҳои мавҷуда исботи бебаҳси худро ёфтааст.
Дар асоси ҳамаи ҳолатҳо парванда, коллегияи судӣ ба хулоса омад, ки ҳукми суди марҳилаи якум қонунӣ, асоснок ва одилона буда, асосҳои кофӣ барои тағйир додан ва ё бекор кардани ҳукми суди марҳилаи якум мавҷуд намебошад.
Бинобар ин, дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ таъин кард:
Ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2021 нисбати Сафарова Зайнаб Маҳмадовна бетағйир, шикояти кассатсионии маҳкумшуда Сафарова З.М. ва адвокати ў Мирзоев Б.М. беқаноат мононда шудаанд.
*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.
Суди шаҳри Душанбе