Табрикоти суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар – 8 март

Дар баҳорон Иди Модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Дар роҳи тасвири ҳусни модарон,
Ҷумла фарзандаш суханвар мешавад.

Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши руҳу ҷон мебошад.
Роҳбарият ва кормандони суди шаҳри Душанбе бо камоли эҳтирому самимияти бепоён тамоми модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни пуршукуҳашон табрику муборакбод намуда, барояшон хушрӯзиву хонаободӣ ва баракати зиндагиро орзу менамоянд.

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, Модарони азиз!

Суди шаҳри Душанбе