Таҷовузкори духтарчаи се сола ба якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, маҳкум гардид.

Имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати судшаванда Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки барои содир кардани ҷиноятӣ таҷовуз ба номуси духтарчаи се сола, бо моддаҳои моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон айбдор дониста мешуд, эълон карда шуд.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе  Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъин карда шуд:

  • бо моддаи 138 қисми 3 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан;
  • бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол;
  • бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд.

Мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъин карда шуд.

Судшаванда Зиёев Ю.Р. ва ҳимоятгари ӯ дар толори судӣ

Судшаванда Зиёев Ю.Р.

Лаҳзаи эълони ҳукм

Айбдоркунандаи давлатӣ — Раҳимов С.

Маҳкумшуда Зиёев Ю.Р.

*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешавад.

Суди шаҳри Душанбе