Баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нуров С.Ф. дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 134, 32 қисми 3 ва 353 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Имрӯз, 03 майи соли 2019 дар суди шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Нуров С.Ф. дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 134, 32 қисми 3 ва 353 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки Нуров Саидумар Фахридинович, таваллудаш 17 ноябри соли 1987, зодаи ноҳияи Рудакӣ, Ҷамоати деҳоти Лоҳур, деҳаи Тайлонобод, қаблан суд нашудааст, дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қасдона дар ҳайати гурўҳ задааст.
Чунончӣ: Дар мобайнҳои моҳи январи соли 2018 Сафаров Тоҷиддин Зарифович аз шариконаш Миров Саидмумин Абдухалилович ва Ахмедов Саъдулло Холиқович, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштан, тавассути телефон фаҳмидааст, ки Ашуров Абдулло Тоҳирович ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ҳозир шуда, нишондоди худиқрорӣ оид ба оташ задани анборҳои ширкати “И.П.Естаев”-и шаҳри Алмато, алалхусус анбори молу маҳсулоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Фахриддин Валиевич дода, даст доштани Сафаров Тоҷиддин Зарифович, Миров Саидмумин Абдухалилович, Ахмедов Саъдулло Холиқович ва Ашуров Хуршед Тоҳировичро дар ин ҷиноят фош сохтааст.
Пас аз ин, Сафаров Т.З. бо мақсади маҷбур намудани шаҳрванд Ашуров А.Т.ба саркашӣ намудан аз нишондодҳои қаблан додааш ва ба манфиати Сафаров Т.З.додани нишондоди бардурўғ Миров С.А. ва Ахмедов С.Х.-ро ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон даъват намуда, дар як хуҷраи ба иҷорагирифтааш барои истиқомати муваққатӣ ҷой намудааст.
Дар ҳамон ҷой, Сафаров Т.З. ба шарикаш Миров С.А. таклиф намудааст, ки шаҳрванд Ашуров А.Т-ро пайдо намуда, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ маҷбур намояд, то ки аз нишондоди худ оид ба иштироки Сафаров Т.З. ва шариконаш дар ҷинояти қасдан оташ задани анбори молу маҳсулоти соҳибкор Алиев Ф.В. даст кашида, ба манфиати Сафаров Т.З. нишондоди бардурўғ диҳад. Миров С.А. нишондоди бардурўғи бо роҳи маҷбур намудан додаи Ашуров А.Т.-ро ба навори видеоӣ гирифта ба Сафаров Т.З.равон созад, то ки охирин бо шарикаш Маҳмадов Насимҷон Ҷумабегович ин наворро ҳамчун далел ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато пешниҳод намуда, бо ин роҳ кормандони ин мақомотҳоро гумроҳ сохта, худ ва дигар шариконашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд.
Миров С.А. тибқи супориши Сафаров Т.З. амал карда истода, дар фасли тирамоҳи соли 2017 бо мақсади бо роҳи маҷбуркунӣ гирифтани нишондоди бардурўғи Ашуров А.Т. оид ба масъалаи дар боло дарҷгардида аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, аз онҷо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.
Сафаров Т.З. ба шарикаш Миров С.А. тавассути телефон дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани шоҳид Ашуров А.Т. хабар дода, бори дигар аз охирин талаб намудааст, ки бо роҳи маҷбур сохтан нишондоди бардурўғи Ашуров А-ро оид ба иштирок надоштани Сафаров Т.З.. Миров С.А. ва Ахмедов С.Х. дар ҷинояти оташ задани анбори молу маҳсулоти соҳибкор Алиев Ф.В. ба навори видеоӣ гирифта зуд равон созад, то ки Сафаров Т.З. ва Маҳмадов Н.Ҷ. ин наворҳои сабти нишондоди бардурўғи Ашуров А.Т.-ро ба мақомотҳои дахлдори шаҳри Алмато пешниҳод кунанд.
Дар навбати худ, Сафаров Т.З. барои анҷом додани ин кирдори ҷинояткорона ба Миров С.А. ва шариконаш маблағи 1000 доллари ИМА равон мекунад.
Ба ин ин таклифи Сафаров Т.З. шарикаш Миров С.А.розӣ шуда, дар маркази ноҳияи Рўдакӣ бо ҳамдеҳагонаш Холов Акбар Файзалиевич ва Нуров Саидумар Фахридинович вохурда, ба номбурдагон таклиф намудааст, ки шаҳрванд Ашуров Абдулло Тоҳирович, сокини ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Чагамро пайдо намуда якҷоя маҷбур намоянд, то ки Ашуров А. аз нишондоди қаблан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҷинояти қасдан оташ задани амбори молу маҳсулоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Ф.В., воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кўчаи Ангарская № 107 додааш даст кашад ва нишондоди бардурўғ диҳад, ки Сафаров Т.З. ва шариконаш дар ин ҷиноят ягон алоқамандӣ надорад. Миров С.А. барои иҷрои ин амал ба Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. маблағи пулӣ ба миқдори 100 доллари ИМА барои ҳар кадомашон ваъда намудааст.
Ба ин таклифи Миров С.А. шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. розӣ шуда, бо мақсади маҷбур намудани Ашуров А.Т. ба додани нишондоди бардурўғ ва сабти он тариқи видео, санаи 20 январи соли 2018 бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» аломати қайди давлатиаш 99 -19 АС 07, ки таҳти идораи Миров С.А. қарор дошт, ба бозори марказии ноҳияи Рўдакӣ рафта, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ, инчунин таҳдиди поймол намудани ҳуқуқу озодиҳояш шаҳрванд Ашуров А.Т.-ро бидуни хоҳишаш маҷбуран ба автомашинаи дар боло зикргардида шинонда, ба заминҳои қарибии бозори хариду фурўши чорвои ноҳияи Рўдакӣ бурда, дар он ҷо мавриди лату кўб қарор дода, бо таҳдиди куштан ва расонидани зарари ҷисмонии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок набуда, Ашуров А.Т-ро маҷбур намуданд, ки нишондоди бардуруғ оиди он ки гўё Сафаров Т.З. ва дигар шариконаш дар ҷинояти қасдан оташ задани амбори молу маҳсулоти соҳибкори тоҷик Алиев Ф.В. воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кўчаи Ангарская-107 ягон алоқамандӣ надошта, Ашуров А.Т.-ро шаҳрванд Алиев Ҷ.В. ба додани нишондод ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато маҷбур карда бурдааст. Ашуров А.Т. бошад ба лату кўб ва таҳдиди куштани Нуров С.Ф. ва шариконаш тоб наоварда нишондоди шифоҳӣ додааст, ки нисбати Сафаров Т.З. ва шариконаш қаблан дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато нишондоди бардурўғ додааст ва Сафаров Т.З. бо шариконаш дар оташ задани амбори дар боло зикргардида ягон алоқамандӣ надорад. Нишондоди бардурўғӣ ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т.-ро худи Миров С.А. дар камераи телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг» сабт намуда, онро ба шарикаш Сафаров Т.З. тавассути шабакаи интернетии «ВАТСАП» ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон намудааст.
Сафаров Т.З. сабти видеоии нишондоди бардурўғӣ ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т-ро бо шарикаш Маҳмадов Насимҷон Ҷумабегович тамошо карда, онро қабул накарда, аз шарикашон Миров С.А. талаб намудаанд, ки Ашуров А.Т.-ро маҷбур созад, то ки охирин нишондоди бардурўғ диҳад, ки гўё ўро Алиев Ҷамшед Валиевич маҷбур намуда нисбати Сафаров Т.ва шариконаш нишондод гирифтааст ва барои ин амалаш ба Ашуров А. маблағи 10 000 доллари ИМА ва боз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷои кори доимӣ ваъда намуда будааст.
Ба ин талаби Сафаров Т.З. шарикаш Миров С.А. розӣ шуда, боз бо шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. нақшаи чӣ тавр маҷбур намудани Ашуров А.Т-ро ба додани нишондоди бардурўғ ва сабти онро тариқи видео намуданд.
Сипас, таърихи 25 январи соли 2018, тахминан соати 10 тибқи супориши Сафаров Т.З., боз Миров С.А. бо мақсади маҷбур намудани Ашуров А.Т. ба додани нишондоди бардурўғ ва ба навори видеоӣ гирифтани раванди додани нишондод, бо маслиҳати пешакӣ бо шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» аломати қайди давлатиаш 99 -19 АС 07, ки таҳти идораи Миров С.А. қарор дошт савор шуда, ба манзили истиқоматии Ашуров А. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Чагам рафта, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ, инчунин поймол намудани ҳуқуқу озодиҳояш шаҳрванд Ашуров А.Т-ро бидуни хоҳишаш маҷбуран ба автомашинаи дар боло зикргардида шинонда, ба заминҳои назди адири деҳа бурда, дар он ҷо боз мавриди лату кўб қарор дода, бо таҳдиди куштан ва расонидани зарари ҷисмонии барои хаёт ва саломати хавфнок набуда, Ашуров А.-ро маҷбур сохтанд, ки нишондоди бардурўғ оиди он ки гўё ўро Алиев Ҷ.В. маҷбур намуда нисбати Сафаров Т.З. нишондод гирифтааст ва барои ин амалаш ба Ашуров А.Т., Алиев Ҷ.В. маблаги 10 000 доллари ИМА ва боз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой кор ваъда намудааст. Ашуров А.Т. бошад ба лату кўб ва таҳдиди куштан намудани Нуров С.Ф. ва шариконаш тоб наоварда нишондоди шифоҳӣ тибқи талаби Сафаров Т.З.-ро додааст. Нишондоди ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т-ро Миров С.А. бо кумаки Нуров С.Ф.ва Холов А.Ф.дар камераи телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг» сабт намуда, онро ба шарикаш Сафаров Т.З. тавассути шабакаи интернетии «ВАТСАП» ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон намудааст.
Сафаров Т.З. сабти видеоии нишондодҳои бардурўғӣ ба тариқи маҷбурӣ додаи Ашуров А.Т-ро тамошо карда, бо мақсади озод намудани худ ва шариконаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ онро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато пешниҳод намуда, нисбати амалҳои Алиев Ҷ.В. аризаи шикоятӣ навиштааст. Пас аз ин Сафаров Т.З. ба Миров С.А. аз ҳисоби маблағи ваъданамудааш 500 доллари ИМА тавассути бонк равон кардааст.
Миров С.А. аз ҳисоби маблағи равоннамудаи шарикаш Сафаров Т.З. ба шарикони дигараш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. маблағи 100 долларии ИМА барои ҳар кадоми онҳо дода, боқимонда маблағро азонихуд кардааст.
Нуров С.Ф. бошад маблағи бо роҳи ҷинояткорона бадастовардаи худро барои эҳтиёҷоти худ ва оилааш сарф намудааст.
Пас аз гузаштани якчанд муддат, Ашуров А.Т. оиди кирдорҳои содирнамудаи Сафаров Т.З., Миров С.А., Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст. Бо андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ Миров С.А. ва Холов А.Ф. аз тарафи кормадони милитсия дастгир гардиданд. Лекин Нуров С.Ф. ба самти номаълум ғайб задааст ва баъдан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Дар натиҷа Сафаров Т.З. Миров С.А., Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. бо сабабҳои аз худи онҳо вобаста набуда, кирдори ҷинояткоронаи худро оид пешниҳоди нишондоди бардуруғи шоҳид ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ва бо ин васила баровардани қарори дархлдор бо парвандаи ҷиноятӣ то ба охир расонида натавонистанд.
Ба ғайр аз ин, дар мобайнҳои моҳи январи соли 2018 Сафаров Тоҷиддин Зарифович аз шариконаш Миров Саидмумин Абдухалилович ва Ахмедов Саъдулло Холиқович, ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия қарор доштан, тавассути телефон фаҳмидааст, ки Ашуров Абдулло Тоҳирович ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ҳозир шуда, нишондоди худиқрорӣ оид ба оташ задани анборҳои ширкати “И.П.Естаев”-и шаҳри Алмато, алалхусус анбори молу маҳсулоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Фахриддин Валиевич дода, даст доштани Сафаров Тоҷиддин Зарифович, Миров Саидмумин Абдухалилович, Ахмедов Саъдулло Холиқович ва Ашуров Хуршед Тоҳировичро дар ин ҷиноят фош сохтааст.
Пас аз ин, Сафаров Т.З. бо мақсади маҷбур намудани шаҳрванд Ашуров А.Т.ба саркашӣ намудан аз нишондодҳои қаблан додааш ва ба манфиати Сафаров Т.З.додани нишондоди бардурўғ Миров С.А. ва Ахмедов С.Х. ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон даъват намуда, дар як хуҷраи ба иҷорагирифтааш барои истиқомати муваққатӣ ҷой намудааст.
Дар ҳамон ҷой, Сафаров Т.З. ба шарикаш Миров С.А. таклиф намудааст, ки шаҳрванд Ашуров А.Т-ро пайдо намуда, бо истифодаи зуроварӣ маҷбур созад, то ки аз нишондоди худ оид ба иштироки Сафаров Т.З. ва шариконаш дар ҷинояти қасдан оташ задани анбори молу маҳсулоти соҳибкор Алиев Ф.В. саркашӣ намуда, ба манфиати Сафаров Т.З. нишондоди бардурўғ диҳад. Миров С.А. нишондоди бардурўғи бо роҳи маҷбур сохтан додаи Ашуров А.Т.-ро ба навори видеоӣ гирифта ба Сафаров Т.З.равон созад, то ки охирин бо шарикаш Маҳмадов Насимҷон Ҷумабегович ин наворро ҳамчун далел ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато пешниҳод намуда, бо ин роҳ кормандони ин мақомотҳоро гумроҳ сохта, худ ва дигар шариконашро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд.
Миров С.А.тибқи супориши Сафаров Т.З.амал карда истода, дар фасли тирамоҳи соли 2017 бо мақсади маҷбур сохтани шоҳид Ашуров А.Т. ба додани нишондоди бардурўғ, оид ба масъалаи дар боло дарҷгардида аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, аз онҷо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст.
Сафаров Т.З. ба шарикаш Миров С.А. тавассути телефон дар хусуси дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани шоҳид Ашуров А.Т. хабар дода, бори дигар аз охирин талаб намудааст, ки бо роҳи маҷбур сохтан нишондоди бардурўғи Ашуров А-ро оид ба иштирок надоштани Сафаров Т.З.. Миров С.А. ва Ахмедов С.Х. дар ҷинояти оташ задани анбори молу маҳсулоти соҳибкор Алиев Ф.В. ба навори видеоӣ гирифта зуд равон созад, то ки Сафаров Т.З. ва Маҳмадов Н.Ҷ. ин наворҳои сабти нишондоди бардурўғи Ашуров А.Т.-ро ба мақомотҳои дахлдори шаҳри Алмато пешниҳод кунанд.
Дар навбати худ, Сафаров Т.З. барои анҷом додани ин кирдори ҷинояткорона ба Миров С.А.маблағи 1000 доллари ИМА равон мекунад.
Ба ин ин таклифи Сафаров Т.З. шарикаш Миров С.А.розӣ шуда, дар маркази ноҳияи Рўдакӣ бо ҳамдеҳагонаш Холов Акбар Файзалиевич ва Нуров Саидумар Фахридинович вохурда, ба номбурдагон таклиф намудааст, ки шаҳрванд Ашуров Абдулло Тахирович, сокини ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Чагамро пайдо намуда якҷоя маҷбур намоянд, то ки Ашуров А. аз нишондодҳои қаблан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳодисаи қасдан оташ задани амбори молу маҳсулоти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиев Ф.В., воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кўчаи Ангарская № 107 додааш саркашӣ намуда, нишондоди бардурўғ диҳад, ки Сафаров Т.З. ва шариконаш дар ин ҷиноят ягон алоқамандӣ надорад. Миров С.А. барои иҷрои ин амал ба Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. маблағи пулӣ ба миқдори 100 доллари ИМА барои ҳар кадомашон ваъда намудааст.
Ба ин таклифи Миров С.А. шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. розӣ шуда, бо мақсади маҷбур сохтани шоҳид Ашуров А.Т. ба додани нишондоди бардурўғ ва сабти он тариқи видео, санаи 20 январи соли 2018 бо автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» аломати қайди давлатиаш 99 -19 АС 07, ки таҳти идораи Миров С.А. қарор дошт, ба бозори марказии ноҳияи Рўдакӣ рафта, бо истифодаи зуроварӣ шаҳрванд Ашуров А.Т.-ро бидуни хоҳишаш маҷбуран ба автомашинаи дар боло зикргардида шинонда, ба заминҳои қарибии бозори хариду фурўши чорвои ноҳияи Рўдакӣ бурда, дар он ҷо мавриди лату кўб қарор дода, бо таҳдиди куштан ва расонидани зарари ҷисмонии барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок набуда, Ашуров А.Т.-ро маҷбур сохтанд, ки нишондоди бардурўғ оиди он ки гўё Сафаров Т.З. ва дигар шариконаш дар ҷинояти қасдан оташ задани амбори молу маҳсулоти соҳибкори тоҷик Алиев Ф.В. воқеъ дар суроғаи шаҳри Алмато, кўчаи Ангарская-107 ягон алоқамандӣ надошта, Ашуров А.Т.-ро шаҳрванд Алиев Ҷ.В. ба додани нишондод ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато маҷбур карда будааст. Ашуров А.Т. бошад ба лату кўб ва таҳдиди куштани Нуров С.Ф. ва шариконаш тоб наоварда нишондоди шифоҳӣ додааст, ки нисбати Сафаров Т.З. ва шариконаш қаблан дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато нишондоди бардурўғ додааст ва Сафаров Т.З. бо шариконаш дар оташ задани амбори дар боло зикргардида ягон алоқамандӣ надорад. Нишондоди бардурўғӣ ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т.-ро худи Миров С.А. дар камераи телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг» сабт намуда, онро ба шарикаш Сафаров Т.З. тавассути шабакаи интернетии «ВАТСАП» ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон намудааст.
Сафаров Т.З. сабти видеоии нишондоди бардурўғӣ ба тариқи маҷбуркунӣ додаи Ашуров А.Т.-ро бо шарикаш Маҳмадов Насимҷон Ҷумабегович тамошо карда, онро қабул накарда, аз шарикашон Миров С.А. талаб намудаанд, ки Ашуров А.Т.-ро маҷбур созад, то ки охирин нишондоди бардурўғ диҳад, ки гўё ўро Алиев Ҷамшед Валиевич маҷбур намуда нисбати Сафаров Т.ва шариконаш нишондод гирифтааст ва барои ин амалаш ба Ашуров А. маблағи 10 000 доллари ИМА ва боз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷои кори доимӣ ваъда намуда будааст.
Ба ин талаби Сафаров Т.З. шарикаш Миров С.А. розӣ шуда, боз бо шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. нақшаи чӣ тавр маҷбур сохтани шоҳид Ашуров А.Т.-ро ба додани нишондоди бардурўғ ва сабти онро тариқи видео намуданд.
Сипас, таърихи 25 январи соли 2018, тахминан соати 10 тибқи супориши Сафаров Т.З., боз Миров С.А. бо мақсади маҷбур сохтани шоҳид Ашуров А.Т. ба додани нишондоди бардурўғ ва ба навори видеоӣ гирифтани раванди додани нишондод, бо маслиҳати пешакӣ бо шариконаш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-бенс» аломати қайди давлатиаш 99 -19 АС 07, ки таҳти идораи Миров С.А. қарор дошт савор шуда, ба манзили истиқоматии Ашуров А. воқеъ дар суроғаи ноҳияи Рўдакӣ, Ҷамоати деҳоти Эсанбой, деҳаи Чагам рафта, бо таҳдиди истифодаи зуроварӣ, инчунин поймол намудани ҳуқуқу озодиҳояш шаҳрванд Ашуров А.Т-ро бидуни хоҳишаш маҷбуран ба автомашинаи дар боло зикргардида шинонда, ба заминҳои назди адири деҳа бурда, дар он ҷо боз мавриди лату кўб қарор дода, бо таҳдиди куштан ва расонидани зарари ҷисмонии барои хаёт ва саломати хавфнок набуда, Ашуров А.-ро маҷбур сохтанд, ки нишондоди бардурўғ оиди он ки гўё ўро Алиев Ҷ.В. маҷбур намуда нисбати Сафаров Т.З. нишондод гирифтааст ва барои ин амалаш ба Ашуров А.Т., Алиев Ҷ.В. маблаги 10 000 доллари ИМА ва боз дар Ҷумҳурии Халқии Хитой кор ваъда намудааст. Ашуров А.Т. бошад ба лату кўб ва таҳдиди куштан намудани Нуров С.Ф. ва шариконаш тоб наоварда нишондоди шифоҳӣ тибқи талаби Сафаров Т.З.-ро додааст. Нишондоди бардурўғӣ бо роҳи маҷбур сохтан додаи шоҳид Ашуров А.Т.-ро Миров С.А. бо кумаки Нуров С.Ф.ва Холов А.Ф.дар камераи телефони мобилиаш тамғаи «Самсунг» сабт намуда, онро ба шарикаш Сафаров Т.З. тавассути шабакаи интернетии «ВАТСАП» ба Ҷумҳурии Қазоқистон равон намудааст.
Сафаров Т.З. сабти видеоии нишондодҳои бардурўғӣ ба тариқи маҷбур сохтан додаи шоҳид Ашуров А.Т.-ро тамошо карда, бо мақсади озод намудани худ ва шариконаш аз ҷавобгарии ҷиноятӣ онро ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато пешниҳод намуда, нисбати амалҳои Алиев Ҷ.В. аризаи шикоятӣ навиштааст. Пас аз ин Сафаров Т.З. ба Миров С.А. аз ҳисоби маблағи ваъданамудааш 500 доллари ИМА тавассути бонк равон кардааст.
Миров С.А. аз ҳисоби маблағи равоннамудаи шарикаш Сафаров Т.З. ба шарикони дигараш Холов А.Ф. ва Нуров С.Ф. маблағи 100 долларии ИМА барои ҳар кадоми онҳо дода, боқимонда маблағро азонихуд кардааст.
Нуров С.Ф. бошад маблағи бо роҳи ҷинояткорона бадастовардаашро барои эҳтиёҷоти худ ва оилааш сарф намудааст.
Пас аз гузаштани якчанд муддат, Ашуров А.Т. оиди кирдорҳои содирнамудаи Нуров С.Ф., Сафаров Т.З., Миров С.А. ва Холов А.Ф. ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудааст. Бо андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ Миров С.А. ва Холов А.Ф. аз тарафи кормадони милитсия дастгир гардиданд. Лекин Нуров С.Ф. ба самти номаълум ғайб задааст ва баъдан аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Дар натиҷа Нуров С.Ф., Сафаров Т.З. Миров С.А. ва Холов А.Ф. бо сабабҳои аз худи онҳо вобаста набуда, кирдори ҷинояткоронаи худро оид пешниҳоди нишондоди бардуруғи шоҳид ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Алмато ва бо ин васила баровардани қарори дахлдор бо парвандаи ҷиноятӣ то ба охир расонида натавонистанд.
Суди шаҳри Душанбе