Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021
Замима
ба Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2019-2021
Нақшаи
чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021
р/т | Номгӯи чорабиниҳо | Муҳлат | Иҷрокунанда |
1. | Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба тартиби баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ва дагар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, инчунин танзими дигар масъалаҳои Суди конститутсионӣ | Соли 2020 | Суди конститутсионӣ Вазорати адлия |
2. | Омӯзиши масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин танзими дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ | Соли 2020 | Суди Олии иқтисодӣ Суди Олӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия |
3. | Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои иҷро, инчунин танзими дигар масъалаҳои соҳа | Соли 2020 | Хадамоти иҷро Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия |
4. | Омӯзиши масъалаи ҷори намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кори судҳо, беҳдошти сифати санадҳои судӣ |
Солҳои 2020-2021 |
Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати молия Агентии хизмати давлатӣ |
5. | Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ |
Солҳои 2019-2021 |
Суди конститутсионӣ Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Агентии хизмати давлатӣ |
6. | Такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ вобаста ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ва танзими масъалаҳои дигари мурофиавӣ |
Солҳои 2020-2021 |
Суди Олӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати корҳои дохилӣ |
7. | Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ |
Солҳои 2020-2021 |
Суди Олӣ Суди конститутсионӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорй |
8. | Ҷиҳати беҳдошти дониш, маҳорати касбӣ, масъулият ва одоби судяҳо, раванди бозомӯзии ихтисосӣ ва бо дар назар доштани тағйирот дар низоми таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоштани мақоми Маркази таълимии судяҳо |
Солҳои 2020-2021 |
Суди Олӣ Суди конститутсионӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати адлия Агентии хизмати давлатӣ Вазорати маориф ва илм |
9. | Таҳия ва қабули Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав бо мақсади таҷдиди назар кардани ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ва ғайриҷиноигардонии баъзе кирдорҳои ҷиноятии дараҷаи хавфнокиашон паст, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии миллӣ |
Солҳои 2019-2021 |
Гурӯҳи корӣ Суди Олӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорӣ Донишгоҳи миллӣ |
10. | Таҳия ва қабули Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, бахусус ҳуқуқи молумулкии онҳо, бехдошти сифати парвандаҳои гражданӣ ва санадҳои иҷро, мутобиқ сохтани меъёрҳои соҳа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин бо дар назар доштани танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ |
Солҳои 2019-2021 |
Гурӯҳи корӣ Суди Олӣ Суди Олии иқтисодӣ Прокуратураи генералӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорӣ Донишгоҳи миллӣ |
11. | Омӯхтани масъалаи таъсиси судҳои минтақавӣ бо мақсади беҳдошти сифати санадҳои судӣ ва таъмини принсипи баробарии ҳама дар назди қонун,
баррасии шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба санадҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ |
Солҳои 2019-2021 |
Суди Олӣ
Суди Олии иқтисодӣ |
12. | Таҳия ва қабули Кодекси манзил дар таҳрири нав бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, такмил ва мутобиқ кардани меъёрҳои қонунгузории соҳа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ оид ба манзил ва беҳдошти иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба баҳсҳои манзил |
Солҳои 2019-2021 |
Гурӯҳи корӣ
Суди Олӣ |
Суди шаҳри Душанбе