Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021

Замима
ба Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2019-2021

Нақшаи
чорабиниҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021

р/т Номгӯи чорабиниҳо Муҳлат Иҷрокунанда
1. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба тартиби баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ва дагар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда, инчунин танзими дигар масъалаҳои Суди конститутсионӣ Соли 2020 Суди конститутсионӣ
Вазорати адлия
2. Омӯзиши масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин танзими дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ Соли 2020 Суди Олии иқтисодӣ
Суди Олӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати адлия
3. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи истеҳсолоти иҷро” дар таҳрири нав бо мақсади иҷрои саривақтии санадҳои судӣ ва бартараф намудани норасоиву мухолифатҳо дар қонунгузорӣ, такмили тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои иҷро, инчунин танзими дигар масъалаҳои соҳа Соли 2020 Хадамоти иҷро
Суди Олӣ
Суди Олии иқтисодӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати адлия
4. Омӯзиши масъалаи ҷори намудани мансаби ёрдамчии судяи Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ дар доираи маблағҳои мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кори судҳо, беҳдошти сифати санадҳои судӣ

Солҳои

2020-2021

Суди Олӣ
Суди Олии иқтисодӣ
Вазорати молия
Агентии хизмати давлатӣ
5. Ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалӣ ба бозомӯзӣ фаро гирифтани кормандони Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ

Солҳои

2019-2021

Суди конститутсионӣ
Суди Олӣ
Суди Олии иқтисодӣ
Агентии хизмати давлатӣ
6. Такмили Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ вобаста ба татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан ва танзими масъалаҳои дигари мурофиавӣ

Солҳои

2020-2021

Суди Олӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати корҳои дохилӣ
7. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо” бо мақсади сари вақт ба ҷомеа расонидани иттилоот аз кори судҳо, таҳкими боварии мардум ба ҳокимияти судӣ, инчунин беҳдошти кори сомонаҳои судӣ, тақсимоти электронии парвандаҳои судӣ ва такмили қонунгузорӣ вобаста ба самтҳои дигари фаъолияти мақомоти судӣ

Солҳои

2020-2021

Суди Олӣ Суди конститутсионӣ Суди Олии иқтисодӣ Вазорати адлия Маркази миллии қонунгузорй
8. Ҷиҳати беҳдошти дониш, маҳорати касбӣ, масъулият ва одоби судяҳо, раванди бозомӯзии ихтисосӣ ва бо дар назар доштани тағйирот дар низоми таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоштани мақоми Маркази таълимии судяҳо

Солҳои

2020-2021

Суди Олӣ
Суди конститутсионӣ
Суди Олии иқтисодӣ
Вазорати адлия
Агентии хизмати давлатӣ
Вазорати маориф ва илм
9. Таҳия ва қабули Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав бо мақсади таҷдиди назар кардани ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ва ғайриҷиноигардонии баъзе кирдорҳои ҷиноятии дараҷаи хавфнокиашон паст, инчунин мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва санадҳои ҳуқуқии миллӣ

Солҳои

2019-2021

Гурӯҳи корӣ
Суди Олӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати адлия
Маркази миллии қонунгузорӣ
Донишгоҳи миллӣ
10. Таҳия ва қабули Кодекси гражданӣ дар таҳрири нав бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, бахусус ҳуқуқи молумулкии онҳо, бехдошти сифати парвандаҳои гражданӣ ва санадҳои иҷро, мутобиқ сохтани меъёрҳои соҳа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин бо дар назар доштани танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ

Солҳои

2019-2021

Гурӯҳи корӣ
Суди Олӣ
Суди Олии иқтисодӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати адлия
Маркази миллии қонунгузорӣ
Донишгоҳи миллӣ
11. Омӯхтани масъалаи таъсиси судҳои минтақавӣ бо мақсади беҳдошти сифати санадҳои судӣ ва таъмини принсипи баробарии ҳама дар назди қонун,

баррасии шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ оид ба санадҳои судии судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

Солҳои

2019-2021

Суди Олӣ

Суди Олии иқтисодӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати адлия
Маркази миллии қонунгузорӣ

12. Таҳия ва қабули Кодекси манзил дар таҳрири нав бо   мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, такмил ва мутобиқ кардани меъёрҳои қонунгузории соҳа бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии миллӣ, инчунин танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ оид ба манзил ва беҳдошти иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба баҳсҳои манзил

Солҳои

2019-2021

Гурӯҳи корӣ

Суди Олӣ
Прокуратураи генералӣ
Вазорати адлия
Кумитаи давлатии идораи замин ва
геодезӣ
КВД “Хоҷагииманзиливу
коммуналӣ”

Суди шаҳри Душанбе