Ба чоп расидани мақолаи кормандони суд дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавзӯи «ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ”. БОЗ ЯК ГУМРОҲ ДАСТГИР ВА ЗИНДОНӢ ШУД

“ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ”. БОЗ ЯК ГУМРОҲ ДАСТГИР ВА ЗИНДОНӢ ШУД

Суди шаҳри Душанбе шаҳрванд Азиз Холматовро дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои  3071 қисми 3 банди “б”, 3073 қисми 2 ва 32 қисми 1 — 4011 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста, ӯро 13 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Маҳкумшуда зодаи шаҳри Кӯлоб буда, дар қайди шаҳри Турсунзода мебошад ва соли 2013 бо моддаи 245 (азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) қисми 3 — и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби суди шаҳри Турсунзода ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум шудааст. Тавре тафтишот муайян кард, Азиз Холматов соли 2013 ҳангоми дар муассисаи ислоҳӣ адои ҷазо намуданаш аз Саид ном маҳбус тарзи хондани ҳуруфоти арабиро аз худ намуда, баъди ба озодӣ баромадан моҳи октябри соли 2016 ба Федератсияи Россия рафтааст. Дар он ҷо аз сомонаи иҷтимоии «Ютуб» истифода бурда, сабту наворҳои марбут ба ташкилоти террористӣ — экстремистии «Давлати исломӣ» — ро тамошо ва ақидаи онҳоро қабул намудааст. Соли 2017 ҳангоми дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанаш худро дар барномаи интернетии радиои «Зелло», шабакаи «Роҳнамо» ба сӯи «Давлати исломӣ» бо номи мустаори «Muslim» сабт карда, бо аъзои фаъоли ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” суҳбат ва ғояҳои ташкилоти мазкурро ҷонибдорӣ намудааст.
Сипас, ӯ бо мақсади ба тарғибу ташвиқот ва даъвати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои «ҷиҳод» дар сафи ташкилоти террористии «Давлати исломӣ», 12 сентябри соли 2018 худро дар сомонаи иҷтимоии “Однокласники” бо номи мустаори “Imam Mahdi Khalifatul islam” ба қайд гирифта, ба даъвати шаҳрвандон ва паҳн кардани аксу наворҳои марбут ба ин ташкилот машғул гаштааст. Ба ғайр аз ин, Азиз Холматов барои зиёд намудани нуфузи ташкилоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои марбут ба ин ташкилоти террористиро тариқи баҳогузорӣ (класс) ва дар равзанаи хабарҳояш гузошта, ба рафиқонаш, ки дар сомонааш 7 нафар буданд, паҳн кардааст.
Зимни  тафтиши саҳифаи интернетии  бо  номи  “Imam Mahdi Khalifatul islam”  — и Азиз Холматов муколамаи ӯ бо аъзои ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» ҷиҳати бо кадом роҳу усул ба ин ташкилот пайвастан ёфт шуд. Номбурда бо мақсади ба ташкилоти террористии «Давлати исломӣ» рафтан ба ҷустуҷӯи аъзои он машғул гашта, барои амалӣ намудани мақсадҳои ҷиноятии худ тайёрӣ дидааст. Аз ҷумла, ӯ дар саҳифаи “Однокласники”- и худ парчами “Давлати исломӣ”- ро ҷойгир намуда, суроғаи зисташро шаҳри Раққаи Ҷумҳурии Арабии Сурия нишон додааст. Ҳолати мазкур сабаб гаштааст, ки ӯ бо чанд аъзои фаъоли ин ташкилот алоқа пайдо карда, аз онҳо роҳҳои иштирок дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок намуданро пурсон шудааст. Ғайр аз ин, муайян шуд, ки ӯ бо мақсади ҷалби дигарон акс ва матнҳои дорои хусусияти экстремистӣ — террористӣ дошта, тарзи омода кардани маводи тарканда, даъват ба “ҷиҳод” бо забони ӯзбекӣ, ширк, бидъат ва ғайраҳоро байни истифодабарандагон паҳн кардааст.
14 октябри соли 2018 Азиз Холматов аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе дастгир шуд. Мувофиқи хулосаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон, дар маводи ба ташхиси давлатии диншиносӣ пешниҳод гардида, аксҳои тарғибкунандаи ҷиҳод сабт гардиданд, ки дар онҳо нишонаҳои пайравӣ аз ташкилоти террористии «Давлити исломӣ» дида мешавад. Ҳамчунин, дар мазмуну муҳтавои маводи мазкур даъватҳои ошкоро барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ мавҷуд аст.
Судшаванда соли 2013 дар баробари муҳаррири телевизиони «Кӯлоб» буданаш бо ширкати «Лото спорт» низ ҳамкорӣ доштааст. Номбурда бо сабаби масраф намудани маблағҳои ширкат дар асоси моддаи 245, қисми 3 банди «в» — и Кодекси ҷиноятӣ, бо ҳукми суд 5 сол аз озодӣ маҳрум шуда, соли 2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» пеш аз муҳлат ба озодӣ баромада буд.

Раҷабалӣ  АҲТАМ, судяи суди шаҳри Душанбе

Ҷамила АБДУЛХАЙРЗОДА,
корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе