МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАН-МОДАР
Санаи 07.03.2024 сол, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Модар бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ, муовини якум Давлатзода Саидраҳмон, муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе маҷлиси ҷашнӣ баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси Суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ ҳусни оғоз бахшида, бонувони судро бо ин санаи фархунда шодбош гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва бурдбориҳоро дар ҷодаи зиндагиву фаъолият таманно намуда, иброз доштанд, ки «Воқеан, Модар ҳамдами асилу нотакрор, рафиқи розшунаву роҳнамо ва ёвари ҷумла фарзандон аст. Аз ин рӯ, қадр ва қиммати модарро донистан ва ба ин шахсияти бузург арҷи эҳтиром гузоштан ва дар зиндагӣ ба ӯ хизмати накӯ намудан, болои ҳар як фарзанд қарз аст.
Дар идомаи чорабинӣ судяи суди шаҳри Душанбе Сафарзода Қудратулло ва кормандони дастгоҳи суд Назирмадзода Даврон, Сафарзод Муҳаммад, Юсуфзода Қубод дар навбати худ ба сухан баромада, доир ба Рӯзи модар ва манзалати Зан-Модар, ибрози назар намуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби раиси суд муҳтарам Зикирзода Лоиқ ба бонувони суд дастаи гулҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси Суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Л.Х. бори дигар ҳамаи бонувони суд ва дар симои онҳо тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро бори дигар ба ифтихори бузургдошти Рӯзи модар самимона шодбош гуфта, барояшон саломатӣ, некрӯзгориву ободии ҳамешагиро таманно намуда, маҷлиси ҷашниро ҳусни поён хонданд.
Муҳаммад САФАРЗОД
Корманди суди шаҳри Душанбе