Конститутсия – ҳуҷҷати тақдирсозу бахтномаи миллат аст!

Конститутсия шаҳодатномаи ҳар як халқу миллати соҳибистиқлол ва гувоҳномаи давлати озоду мустақил ва ҳамзамон, санади муайянсозандаи низоми давлатдорӣ ва муҳимтар аз ҳама кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст. Воқеан, Истиқлолият ва Конститутсия мафҳумҳои тавъам буда, якдигарро комил меcозанд, зеро давлати соҳибихтиёр бе Конститутсия вуҷуд дошта наметавонад ва дар навбати худ Конститутсия ҳамчун санади олӣ ё қонуни асосӣ ба ҳисоб рафта, истиқлолияти давлатиро ба расмият медарорад. Он муҳимтарин самтҳои фаъолияти сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳаёти ҷомеаро инъикос ва муайян менамояд.

Дар саҳифаи таърихи замони соҳибистиқлолияти кишварамон, ки пур аз талошҳову ҳодисоти таърихӣ мебошад, 6 ноябри соли 1994 дар давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи муқаддас ва сарнавиштсоз дохил гардидааст. Дар ин рӯзи таърихӣ бори нахуст бо раъйи мардуми кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Дар моддаи 10-уми Конститутсия омадааст, ки «Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд».

Ҳамин тавр, Конститутсияи кишварамон мисли дарахти азим устувору қавӣ буда, бояд, ки ҳамаи қонунҳо, зерқонунҳо дар асоси риояю иҷрои он таҳияю қабул гарданд.

Боиси зикр аст, ки зарурати таърихии Конститутсия аз он иборат мебошад, ки аввалин бор дар тамоми давраи мавҷудияти халқамон аз ҷиҳати ҳуқуқӣ дар худ боэътимодонаю дилпурона истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, волоияти қонунро сабт ва мустаҳкам кардааст.

Ин ҳуҷҷати муҳим мамлакатро бо идоракунии президентӣ, давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон намуд. Он бузургтарин дастоварди сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқамон дар марҳилаи ҳозираи инкишофи ҷамъият мебошад. Тоҷикистониён соҳиби рамзҳои давлатии худ: Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд.

Муҳимтар аз ҳама дар Конститутсия давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълон шудааст. Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ мешуморад.

Дар тӯли тамоми давраи соҳибистиқлолӣ ва бахусус баъди қабули Конститутсияи нав, ки имрӯз аз он рӯз 25 сол сипарӣ мешавад, мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси ин санади тақдирсоз тамоми рукнҳои давлати навини тоҷиконро дар сатҳи зарурӣ ташаккулу тақвият дода, пояҳои истиқлолияти воқеии кишварро пайваста мустаҳкам менамоем ва ҳамеша кӯшиш намоем, ки барои зиндагии шоистаи мардуми худ шароит ва имконияти бештар муҳайё созем.

Аз ин рӯ, ҳоло аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон ва эътибори Ватани азизамон равона созад.

Дар саҳифаҳои таърихи навин, Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун марҳилаи нав, дар заминаи таҳияи лоиҳаи Қонуни асосӣ ва муайян намудани самтҳои асосии он, ки аз ҷониби Сарвари давлат сурат гирифт, эътироф шудааст. Яъне бо пешниҳоди Сарвари давлат, Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бояд эътироф мешуд ва онро Сарқонуни кишвар тасдиқ мекард. Хушбахтона, ин аҳкомҳои давлати тозабунёд дар моддаи 1- и Конститутсия дарҷ ёфтаанд.

Боиси ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таърихи 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Бо талаботи замон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016, бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 боб ва 100 модда буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамаҷониба инъикос намудааст.

Яке аз рукнҳои конститутсионӣ ин ҳокимияти судӣ мебошад, ки он дар боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басо равшан ва возеҳ дарҷ шудааст.

Дар Моддаи 84-и Конститутсия омадааст: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияти адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад”.

Яъне фаъолияти ҳокимияи судӣ дар асоси Конститутсияи кишвар ба роҳ монда шуда, мустақиман қонуният будани адолатро ҳифз менамояд. Дар назди мо кормандони мақомоти судӣ вазифаи басо муҳим ва бомасъулият истодааст, ки ҳамеша волоияти қонунро авлотар дониста, дар баровардани ҳар як санади судӣ одилона рафтор намоем ва адолатро устувор созем. Ҳар як санади қабулнамудаи мо ҷомеаи шаҳрвандиро метавонад бовар намояд, ки қонун дар давлатдории имрӯз болотар аз ҳар як манфиат меистад.

Зафар Саидшозода –
Судяи суди шаҳри Душанбе