Конститутсия — ҳуҷҷати олии давлати соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ин ҳуҷҷати олие мебошад, ки он сохти идоракунии давлатиро дар чаҳорчӯбаи муайяни қонунҳо тарҳрезӣ намудааст. Яъне бо тарзи дигар гӯем Конститутсияи ҷумҳури ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиатҳои ҳамаи рукнҳои ҷомеъаро дар бар мегирад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар райпурсии умумихалқӣ қабул карда шуда, ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамаҷониба иникос намудааст.

Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намудааст.

Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби давлату ҳукумати кишвар бо мақсади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.

Умуман дар давраҳои муайяни таърихӣ раванди қонунгузории кишвар вобаста ба масоили муҳимми самти инкишофи давлат таъсири муайянро ба худ эҳсос намуда, баҳри дуруст тарҳрезӣ намудани роҳи асосии инкишофи давлат, ки аз табиати Конститутсияи кишвар бар меоянд, ба қадри зарурӣ такмил ёфта, фазои ҳуқуқии мусоид дар кишвар муҳайё карда шуд.
Дар асоси амалишавии ин меъёрҳои Қонуни олии кишвар гуфтан мумкин аст, ки имрӯз андешаҳои муосири парламентаризми миллии Тоҷикистон рушду такомул ёфта, аз ҷониби парлумони мамлакат раванди қонунэҷодкунӣ, хусусан қонунҳои миллӣ, ки мақсаду мароми онҳо ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони кишвар мебошад, бо маром идома ёфта истодааст.
Дар ин ҷода метавон қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи танзими анана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии ташаббуси қонунгузорӣ ба парлумони кишвар пешниҳод шуда, онҳо қабул гардиданд, номбар намуд.

Ҳамчунин, барои қабули қонунҳои конститутсионӣ нисбат ба дигар қонунҳо тарафдории накамтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдории аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ пешбинӣ гардида, он дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз дигар қонунҳо болотар гузошта шудааст, ки ин маънои афзалият доштани қонунҳои конститутсиониро аз дигар қонунҳо нишон медиҳад.

Имрӯз дар кишвар қонунҳои конститутсионии зиёде қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки ба фаъолияти мақоми қонунгузор, иҷроия ва судӣ бахшида шудаанд, аз қабилӣ қонунҳои конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва чандин қонунҳои конститутсионии дигар мебошанд.

Бояд қайд кард, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷамъияти мустақил буда, натиҷаи инкишофи тўлонии низоми ҳуқуқии инсоният ва олитарин арзиши иҷтимоӣ ба шумор меравад, аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар ҳамаи қонунҳои амалкунандаи давлатамон мукаммал гардонида шудааст.

Судяи суди шаҳри Душанбе
Ҷобирзода С.Ҳ.