КАФОЛАТИ ДАВЛАТӢ-КОНСТИТУТСИОНИИ ҲУҚУҚ БА ҲИФЗИ СУДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлати ҳуқуқбунёд бо эътирофи арзиш ва волоияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфта, фаъолият менамояд. Дар баробари ин бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳар як давлати ҳуқуқбунёд механизмҳои гуногуни ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ки фаъолияти онҳо бо қонунгузорӣ асос ёфта, ҳифзи ҳуқуқу манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба роҳ мемонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба ҳайати ташкилоту созмонҳои гуногуни байналмилалӣ аъзо гардида, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии гуногунро дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шарҳванд эътироф намудааст.

Тибқи моддаи 10 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Аз ин ба хулосае омадан мумкин аст, ки бо эътирофи санадҳои байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор мегардад, ки қонунгузории худро ба муқаррароти онҳо мутобиқ гардонад. Ин аст, ки пас аз эътирофи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Паймони байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузории худро дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мукаммал гардонидааст. Яке аз мисолҳои равшани ин муқаррарот, мазмуни моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи он “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”. Ҳамзамон боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки ин ҳам яке аз мисоли равшани эътирофи ин арзишӣ беназир мебошад.

Бобати иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилии худ имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои махсусро ташкил намудааст, ки дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва амалӣ намудани ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда истодаанд. Ба ҷумлаи ин гуна механизмҳо механизми маъмурӣ ва механизми судии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбанд.

Механизми маъмурии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби мақомоти гуногуни давлатӣ – мақомоти ҳокимияти иҷроия ба амал бароварда мешавад, ки дар маҷмӯъ адолати иҷтимоиро таъмин менамоянд. Яке аз ҷанбаҳои механизми маъмурии ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро ташкил намудани мақоми махсуси ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон сарукордошта ташкил медиҳад. Ин аст, ки соли 2008 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст. Бо мақсади таъмини танзими ҳуқуқии фаъолияти ин мақом соли 2008 Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул карда шуд, ки тартиби ташкил ва фаъолият ин мақоми давлатиро муқаррар намудааст. Тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур салоҳияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иборат аст аз:

а) риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

б) барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрванд;

в) такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

г) баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, шаклҳо ва воситаҳои ҳифзи он ва ғайра.

Дар баробари ин дигар мақомоти давлатӣ – мақомоти ҳокимияти иҷроия низ барои таъмини иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи қонунгузорӣ ваколатдор гардидаанд. Вале дар байни мақомоти маъмурӣ ва механизми маъмурии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши механизми судӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро ин механизм аз ҷониби мақомоти судӣ ба амал бароварда шуда, натиҷаи фаъолияти ҳуқуқмуҳофизавии ин ниҳодро адолати судӣ меноманд. Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд”.

Бояд қайд намуд, ки гирифтани ҳифзи судӣ аз ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ манша мегирад. Ин аст, ки тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, инчунин шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқиашон ҳуқуқ доранд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ҳуқуқҳои вайрогардидаи худро тавассути муроҷиат ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҳифз намояд. Аз ҷумла, дар моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки “Шаҳрванд  ҳуқуқ дорад шахсан ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд”.

Маврид ба зикр аст, ки агар ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати муроҷиат ба мақомоти давлатӣ барои гирифтани муҳофизати давлатӣ аз моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гиранд, пас ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ҳам аз моддаи 31 ва аз моддаи 19 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ки тибқи он “Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад”(м.19). Маҳз аз мазмуни ҳамин модда аҳамият ва мавқеи ҳифзи судиро дар байни механизмҳои дигари муҳофизатии давлатӣ аён мегардад.

Агар мазмуни моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, маълум мегардад, ки дар он истилоҳи “шаҳрванд” истифода мегардад ва моддаи 19 Конститутсия истилоҳи “ҳар шахс”-ро истифода менамояд. Яъне муқаррароти моддаи 19 Конститутсия мазмуни васеъ дошта, новобаста аз шаҳрвандӣ ба ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ паҳн мегардад.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкамшудаи инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Чуноне, ки аз муқаррароти моддаи 19-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд “Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ўро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд”. Ин меъёри конститутсинӣ ба муқаррароти моддаи 8-уми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10.12.1948) — “Ҳap як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд,  барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад”, мувофиқат мекунад. Дар баробари ин як қатор санадҳое ҳастанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ қабул карда шуда, кафолати ҳуқуқ ба гирифтани ҳифзи судиро дар худ мустаҳкам намудаанд. Ба ин санадҳо Конвенсияи Аврупоӣ оиди ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон (04.11.1950)-ро, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судиро чун ҳуқуқ ба баррасии одилонаи судӣ эътироф мекунад; Паймони байнахалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (16.12.1966), ки ҳуқуқ ба ҳифзи судиро ҳамчун баробарӣ дар назди суд ва даст ёфтан ба адолати судӣ муқаррар намудаанд ва дигар санадҳоро дохил намудан мумкин аст.

Аз таҳлили муқаррароти санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ хусусияти комплексӣ дорад, яъне аз маҷмӯи дигар ҳуқуқҳое, ки амалишавии онро таъмин менамоянд, иборат аст.

Яке аз муҳимтарин унсури ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ин ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суд мебошад. Дар адабиётҳои ҳуқуқӣ оид ба алоқамандии онҳо ақидаҳо гуногунанд. Масалан, бархе аз олимон ҳуқуқ ба ҳифзи судиро ҳамчун ҳуқуқи субъективии моддӣ оиди гирифтани ҳифз, ки воситаи баамалбарории онро ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суд ташкил медиҳад, маънидод мекунанд. Дигар гурӯҳи олимон бошанд, аз ҷумла С.В. Курилов моҳияти ҳуқуқ ба ҳифзи судиро аз ду нигоҳ: якум, ҳуқуқи муроҷиат ба суд бо талаб кардани ҳимоя ва дуюм, ҳуқуқи гирифтани ин ҳимояро ҷонибдорӣ мекунанд. Аммо бояд қайд намуд, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дар худ натанҳо ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суд, балки  инчунин ҳуқуқ ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ, иштирок дар баррасии парванда аз ҷониби суд, дар сурати норозӣ будан нисбат ба хулосаи суд ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суди болоиро низ дорост.

Таҳлили ин ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд суолеро ба миён оварданаш мумкин, ки ҳуқуқ ба ҳифзи судиро маҳдуд кардан мумкин аст ё не? Тавре, ки аз мавқеи Суди Аврупоӣ оид ба ҳуқуқи инсон бармеояд, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ҳуқуқи мутлақ аст ва онро дар ягон ҳолат маҳдуд кардан иҷозат дода намешавад. Ин аслан аз таҷрибаи амалии ин мақомоти байналмилалӣ садо медиҳад. Яъне дар таҷрибаи он ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ мутлақ буда, ягон маҳдудият нисбати он ҷой надорад. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки шахсони ҳуқуқу озодиҳояшон вайронгардида ба он озодона муроҷиат намоянд.

Ҳамин тариқ,  ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ мафҳуми нисбатан васеъ буда, ҳуқуқи муроҷиат ба суд чун қисми ҷудонопазири он ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ дар худ ҳуқуқи пешниҳод намудани шикоят ё аризаро ба суд ва ӯҳдадории судро оид ба қабул ва баррасӣ намудани он низ доро мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки суд дар ҳама ҳолат арзу шикояҳои қабулнамудаашро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Бо муқаррар намудани он, ки дар ҳақиқат асос барои баррасии он мавҷуд аст, яъне факти вайрон гардидани ҳуқуқи шахс ҷой дорад ва ӯ ниёз ба ҳимояи судӣ дорад ва ё муроҷиати шахс то ба ҳол баррасӣ нагардида, ҳуқуқҳои вайронгардидаи ӯ барқарор нагардидаанд, муроҷиати шахс мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Бо ҳамин гуфтан мумкин аст, ки тавассути муроҷиат намудан ба суд шахси ҳуқуқаш вайронгардида метавонанд ҳифзи онро таъмин намояд ва дар маҷмӯъ адолати судӣ таъмин карда шавад. Яъне, механизми судии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун механизми боэътимод ва устувори ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳсуб меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони Шӯравӣ шаҳрвандон аз имконияти муроҷиат ба суд ва гирифтани ҳифзи судӣ қариб, ки маҳрум буданд. Зеро  дар баррасӣ ва ҳалли ин ё он муроҷиат мақомоти ҳокимияти иҷроия ва прокуратура нақши асосӣ ва пешбаранда доштанд. Танҳо пас аз қабул гардидани Конститутсияи ИҶШС (1977) бори аввал дар моддаи 58 ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати муроҷиат намудан ба суд оиди амали шахсони мансабдор, ки бо вайрон намудани қонун, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ  ва маҳдуд намудани ҳуқуқу шаҳрвандон алоқаманд буданд, муқаррар карда шуд. Гарчанде Қонуни асосии давлат ҳуқуқи шаҳрвандонро ҷиҳати муроҷиат ба суд муқаррар намуда буд, ин ҳуқуқ танҳо пас аз гузаштани даҳ сол бо қабул гардидани  Қонуни ИҶШС “Дар бораи тартиби шикоят намудан ба суд оиди амали мақомоти идоракунии давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандонро маҳдуд намудаанд” мавриди истифода ва амал қарор гирифт. Вале пас аз пош хурдани ИҶШС давлатҳои аъзои он роҳи нави давлатдориро пеша карда, қонунгузорӣ ва мақомоти махсуси худро бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил ва ваколатдор намуданд.

Барои оне, ки механизмҳои зикргардида – маъмурӣ ва судӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шаванд, зарурати дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар намудани ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти давлатӣ ва гирифтани ҳифзи давлатӣ ба миён меояд. Ин аст, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” 23 июли соли 2016 № 133 имрӯз қабул ва мавриди амал қарор дорад, ки шарту талабот ва намудҳои муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муқаррар ва муҳлати баррасӣ ва тартиби ҷавоб гардонидани онҳоро танзим намудааст.

Ҳамин тариқ, нақши ҳокимияти судиро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назаррас арзёбӣ намудан мумкин аст. Зеро маҳз ҳокимияти судӣ метавонад адолати судиро таъмин намояд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад.

Акобирова С.С. – котиби маҷлиси судии cуди шаҳри Душанбе

Изатуллозода П.Н. – ассистенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва  хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон