СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҚВИЯТБАХШИ ДОНИШҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА МУКАММАЛГАРДОНИИ ТАҶРИБАИ КОРИИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУД
Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар он кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, инчунин, кормандони дастгоҳи судҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолона ширкат намуданд.
Қобил ба тазаккур аст, ки баргузории семинарҳои омӯзишӣ бо муҳокима намудани мавзуъҳои мухталифи корӣ сурат гирифта, он дар тақвият бахшидани донишҳои ҳуқуқӣ ва мукаммалгардонии таҷрибаи кории кормандони дастгоҳи суд заминаи олиро мегузорад.
Дар семинари омӯзишии навбатӣ мавзӯъи муҳимро омӯзиши моҳияти “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат” аз 9.03.2024 сол, таҳлил ва омӯзиши моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, ташкил медод.
Доир ба таҳлил ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мазмуну муҳтавои “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат” пристави Суди шаҳри Душанбе Юсуфзода Қ.Ю. бо маърӯза баромад намуд.
Дар идома, мутахассиси пешбари суди ноҳияи Шоҳмансур И.Шаҳзода доир ба мавзуъи таҳлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва зарурияти қабули он дар таҳрири нав, котиби маҷлиси судии суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Олимов Давлат дар боби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” баромад намуда, дар хусуси мубрамияти қонунҳои мазкур, ибрози андеша намуданд.
Муҳаммади САФАРЗОД
корманди дастгоҳи суд