Иштироки дастаи футболбозони суди шаҳри Душанбе ва ғалабаи аввал

Имрӯз дар мусобиқаи футбол байни идора ва корхонаҳо барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ оғоз гардид, ки дар он дастаи футболбозони суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Дастаи футболбозони суди шаҳри Душанбе иборат аз судяи суди шаҳри Душанбе Ашурзод Ҷ.Р., кормандони дастгоҳи суд Акрамзода М., Насриддинов Б., Раҳмонзода М., Мирзомуродов М., Исоев Д., Самандари Қ., Давлатқадамов С., Завқизода Ш. ва Норзода Шоҳруз иштирок варзиданд.

Дастаи футболбозони суди шаҳри Душанбе бо дастаи футболбозони МД “Душанбенақлиётхадмотрасон” аз гуруҳи “А” бозӣ намуда, бо ҳисоби 3:2 ғалаба ба даст оварданд.

Суди шаҳри Душанбе