Ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати Сайдалиев Орзу Исуфович дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта

Санаи 01 апрели соли 2019 ҳукми суди шаҳри Душанбе нисбати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдалиев Орзу Исуфович, таваллудаш 12 августи соли 1996, зода ва сокини вилояти Хатлон, ноҳияи Фархор,  ҷамоати деҳоти Зафар, деҳаи Навободи поён, ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазини хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта даст задааст, баромад.

Сайдалиев Орзу Исуфович моҳи апрели соли 2018, ҳангоми дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, бо истифодаи телефони мобилӣ тавассути шабака ва барномаҳои интернетии «Одноклассники», «Вайбер», «Имо», «Вотсапп», «Телеграмм», «Конверсейшин» ва «Инстаграмм» бо аъзоён ва ҷангиёни иттиҳоди ҷиноятии экстремистию террористии Давлати  Исломии Ироқу Шом (ДИИШ) бо тахаллуси «Аш шишанӣ» ва баъдан бо аъзои дигари иттиҳоди ҷинояти бо тахаллуси «Зейд» шиносоӣ пайдо карда, худашро дар ин саҳифа ва барномаҳои интернетӣ бо номҳои «Муҳоҷир», «Абу Муҳоҷир» ба қайд гузошта мунтазам бо онҳо муошират намудааст. Сайдалиев О.И. охирҳои  моҳи  августи  соли 2018 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, аз аввалҳои моҳи сентябри соли 2018 бо тавсияи «Зейд» бо аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломии Ироқу Шом» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, бо тахаллуси «Абу Усомаи Норакӣ» (нисбаташ бо моддаи 4011 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар кофтуков қарор дорад) ва пасон бо аъзои дигари ин ташкилоти экстремистӣ бо тахаллуси «Абу Аббос» ба алоқа баромада, ҳамарўза муошират кардааст. Бо даъват ва роҳнамоии Назаров Т.М., бо роҳи «байъат» кардан номбурда ба Абубакри бағдодӣ, яъне савганд ёд кардааст, ки то охири умр ба ў содиқ монда, ҳамчун иштирокчӣ дар иттиҳоди ҷиноятӣ, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми супоришҳои ўро иҷро карда дар роҳи пешгирифтааш ҷонашро нисор мекунад.

Инчунин ў, такроран моҳи сентябри соли 2018, дар гурўҳи муташаккил, бо маслиҳати пешакӣ аз аъзои фаъоли ташкилоти экстремистӣ (ифродгароӣ) терористии “ДИИШ” шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Тоҷиддин Маҳмадраҳимович, бо тахаллуси «Абу Усомаи Норакӣ»  кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷаъмиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, супориш гирифтааст, ки қатли раиси маҳалаи деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор Ятимов Сайфулло  Сатторовичро иҷро намуда, ўро бурда дар ягон ҷой гуронад.

Ҳамзамон ҳангоми мулоқот намуданаш, авалҳои моҳи ноябри соли 2018, супориши навбатии ўро оиди муайян намудани суроғаи зисти  Муҳиддинов Диловар Абдулоевич сокини ноҳияи Фархор ҷамоати деҳоти Ғайрат деҳаи Фозилон ва оташ задани манзили истиқоматӣ ё автомашинааш қабул намуда бо ҳамин мақсад ба суроғаи мазкур рафта, бо воситаи телефони мобилӣ манзили истиқоматиро расм гирифта бо воситаи шабакаи интернетии онро ба суроғаи Назаров Т.М., равон намуда, барои амали нақшаи таҳрезигардидаи ҷинояткоронаашон супориши номбурдаро интизор шудааст. Дар ин давом аввалҳои моҳи декабри соли 2018, ҳангоми бори навбатӣ мулоқот намудан Назаров Т.М. ба ў расми бинои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ирсол намуда, супориш додааст, ки дар бинои ВКД ҶТ ҳуҷуми мусаллаҳона карда кормандони милитсияро, бо норинҷак ва силоҳи оташфишон автомати тамғаи Калашников ба қатл  расонида, «ҷиҳод»-и ҷониро ба ҷо орад. Аз ин рўҳбаланд гашта Сайдалиев О.И, ба иҷрои   супориши Назаров Т.М. омода будани худро иброз намуда, таърихи 19-уми декабри соли 2018 ба шаҳри Душанбе омадааст. Тибқи  маслиҳати  пешакӣ бо Назаров Т.М. ў рўзи 20.12 соли 2018 телефони мобилӣ ва 200 доллари ИМА-ро гирифта, хонаеро ба иҷора гирифтааст. Сипас аз ҷои таъиннамудаи Назаров Т. М. автомати Калашников  ва якчанд  адад  норинчакҳоро (гранатаҳоро)  мегирифтааст, бо мақсади  ноором сохтани вазъият, тарсу ҳарос  пайдо  намудан  дар байни  аҳолӣ  ба бинои ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳуҷуми  мусаллаҳона мекардааст.  Таърихи 20 декабри соли 2018 ҳангоми аз ҷои таъинкардаи Назаров Т.М., яъне соҳили дарёи «Душанбе» гирифтани  телефони мобилӣ ва 200 доллари ИМА Сайдалиев О.И. аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, новобаста аз иродааш мақсади худро амалӣ карда натавонист.

Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 01 апрели соли 2019 Сайдалиев Орзу Исуфович бо моддаҳои 187 қисми 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ) ё иттиҳоди ташкилотчиён, роҳбарон ва ё дигар намояндагони гурўҳҳои мутташакил) ва 32 қисми 3 — 179 қисми 3 бандҳои “а,г” (Сўиқасди ҷиноят ҳаракати (беҳаракатии) қасдонаи шахс мебошад, ки бевосита ба содир кардани ҷиноят равона гардидааст, агар зимнан ҷиноят бо сабабҳои аз ин шахс вобастанабуда то ба охир расонида нашуда бошад — Терроризм, яъне содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад, агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо агар аз ҷонибии гуруҳи муташаккил ва аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё ин ки дигар оқибатҳои вазнин гардидааст) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайдалиев Лоиқ Ҷурахонович бо моддаи  347 қисми 2 (Пинҳон доштани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнини пешакӣ ваъданашуда) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуданд.

Ба Сайдалиев Орзу Исуфович бо моддаи 187 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нуҳ) сол,

бо моддаи 32 қисми 3 — 179 қисми 3 бандҳои “а,г”,КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 (ҳабдаҳ) сол,

Дар асоси моддаи 67 қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмуъи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани ҷазоҳо ҷазои ниҳои ба Сайдалиев Орзу Исуфович дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.

Ба Сайдалиев Лоиқ Ҷурахонович бо моддаи 347 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 (як) солу шаш моҳ, бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шавад.

Суди шаҳри Душанбе

(*истифодаи тамоми маълумотҳо бо нишон додани манбаъ иҷозат дода мешаванд)