Мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар суди шаҳри Душанбе

Санаи 8 сентябри соли равон дар суди шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода М.Қ. муовини якуми Раиси суд Холиқмуродзода Д., муовинони Раиси суд Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аввалан  Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. хозиринро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, вобаста ба ин воқеаи муқаддаси таърихӣ суханронӣ намуда нақши ҳокимияти судиро дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ таҳлил намуданд.

Сипас, муовини якуми Раис Холиқмуродзода Д., муовини Раиси суд Бобохонзода А., судя Абулғанизода А. ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Самандари Қ. ва Наҷмиддинзода О. суханронӣ намуда аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ёдоварӣ намуданд.

Дар фарҷоми мизи мудаввар бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, Раиси Суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. кормандони фаъоли суди шаҳри Душанберо барои фаъолияти пурмаҳсули меҳнатӣ, татбиқи адолати судӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бахшида ба ҷашни умумимиллӣ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуданд.

Cуратгузориш аз ҷараёни баргузории миззи мудаввар бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ.