БАРГУЗОР ГАРДИДАНИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 3 ноябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти суди шаҳри Душанбе мизи мудаввар бахшида ба 28 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ”  бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода М.Қ. муовинони Раиси суд Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар мизи мудаввар аввалан  бо сухани табрики Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Гиёзода М.Қ. ҳозиринро бахшида ба 28 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда баъдан вобаста ба аҳамият ва муҳимияти ин ҳуҷҷати раҳнамою тақдирсози  Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Сипас, дар давоми мизи мудаввар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе бо маърӯзаҳо паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳили намуданд. Аз ҷумла, судя Юсуфзода М. дар мавзӯи “Арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсия ”, судя Вализода Т. дар мавзӯи “Таҳкими қонунгузори дар давраи Истиқололияти давлатӣ”, кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Босхонзода С. вобаста ба “Конститутсия рукни асосии давлат”, Ҳукумзода А. вобаста ба мавзӯи “Конститутсия бахтномаи миллати тоҷик”, Самандари Қ. вобаста ба мавзӯи “Истилоҳи Конститутсия ва сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия” бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. бори дигар ҳозиринро ба ин рӯзи муҳими давлатӣ табрик намуда, қайд карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати баландэътибори ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлатдории навини Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, заминаи муҳим ва боэътимоди ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Он натиҷаи заҳмату талошҳои пайвастаи мардуми тоҷик ва ифодаи ҳуқуқии ормонҳои  он ба ҳисоб меравад”.

ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ

КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ