ҶАЗОИ МАҲРУМ СОХТАН АЗ ОЗОДӢ БА МУҲЛАТИ 17 СОЛУ 6 МОҲ БАРОИ ҶИНОЯТҲОИ ОДАМКУШӢ ВА АВБОШӢ

Санаи 29 июни соли 2023 дар бинои суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шеров Валиҷон Абдумуталибович бо моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои “в” ва “к” ва моддаи 237 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати раисикунанда Абдулғанизода А., машваратчиёни халқӣ Қурбонхонзода Р. ва Қодиров М., бо котибии Муҳамади С. ва иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Акрмазода Ҳ. баррасӣ намуданд.

Маҳкумшуда Шеров В.А.  санаи 02 феврали соли 2023, тахминан соати 18:00 дақиқа тавассути телефони мобилӣ бо шаҳрванд Р.М оиди ҳолати бо дӯстоштаи Р.М.-Р.Р. ҳамсўҳбат шуданаш ҷанҷол намуда, дар натиҷа онҳо ҳамдигарро дашномҳои қабеҳ медиҳанд. Аз ин ҳолат маҳкумшуда Шеров В.А. ба ғазаб омада, бо Р.М., ҷои вохўриашонро наздикии маркази савдои Сомон, воқеъ дар кўчаи Н.Махсум 10/2-и шаҳри Душанбе, таъин намуд. Сипас, маҳкумшуда Шеров В.А бо худ ду нафар рафиқонаш А.И. ва Ю.С. гирифта, бо мақсади содир намудани ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ ва расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ бо худ корди махсусро гирифта, ба суроғаи кўчаи Н.Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  омаданд. Дар ин мавзеъ, ў ба Р.М. занг зада хабар дод, ки дар ҷои таъиншуда ҳозир шуда, интизори ў мебошад. Сипас, Р.М. бо ҳамроҳии ноболиғ Ҳ.И. тавассути автомашинаи сабукрави тамғаи хундаи “Аванте”, ба ҷойи ҳодиса омаданд. Дар ин вақт, аз дохили автомашинаи мазкур Шеров В.А. бо ҳамроҳи А.И. баромада, ба назди Р.М. омада, бо ҳам суҳбат намуданд. Дар аснои суҳбат онҳо бо ҳам ба созиш омада, бо якдигар даст дода, муросо намуданд.  Ҳангоми аз ҳам ҷудо шудан ноболиғ Ҳ.И., ки дуртар аз онҳо қарор дошт, маҳкумшуда Шеров В.А-ро ба назди худ даъват намуда, бе асос як мушт ба қисмати рўйи охирин зада,  муноқиша ба миён овард. Ин ҳолатро А.И. дида, гурехта аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Аз ҳолати ҷангҷоли байни ноболиғ Ҳ.И. ва Шеров В.А. шаҳрванд  А.А., ки ў дар дохили маркази бозиҳои кампютерӣ қарор дошт, хабардор гардида, зуд ба назди онҳо ҳозир гардид. А.А. пас аз оне, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир гардид, бо мушт якчанд маротиба ба қисмати сари Шеров В.А., зарба зад. Дар ин лаҳза, Р.М. ва Ю.С.,  ба ҷои ҳодиса ҳозир гаштанд. Ю.С. бо мушт ба қисмати паси сари А.А. якчанд зарба зад. Пасон, Шеров В.А. аз ҷайбаш корди бо худдоштаро бароварда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани ноболиғ Ҳ.И. ба узвҳои ҳаётан, махсусан, муҳими бадани ноболиғ Ҳ.И. (ба қисмати шикамаш) як зарба зад. Ин ҳолатро ноболиғ Ҳ.И. дида, бо овози баланд гуфт, ки “гурезен, ки дар дасташ корд дорад, рўдаҳоям баромад.” Ин суҳанҳоро Р.М. шунида, онҳоро аз ҳам ҷудо намуд.

Ҳангоми гурехтани ноболиғ Ҳ.И., маҳкумшуда Шеров В.А., ки дар дасти чапаш корд дошт, бо корди бо худ дошта, ду маротибаи дигар ба қисмати пушти бадани ноболиғ Ҳ.И., зарба зад, аммо ў аз ин қаноат накарда, боз шаҳрванд А.А.-ро бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисмати болои оринҷи дасти чапаш зада, охиринро захмӣ намуд, ки дар натиҷа А.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, барои муолиҷа ба беморхонаи “Шифобахш” дастрас гардид. Дар натиҷа ноболиғ Ҳ.И. аз таъсири ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар вақти ба беморхонаи “Шифобахш” дастрас намуданаш дар роҳ ба ҳалокат расид.

Нисбати маҳкумшуда  Шеров Валиҷон Абдумуталибович  бо ин кирдораш   ҷазои  маҳрум сохтан  аз озодӣ ба муҳлати 17 (ҳабдаҳ) солу шаш моҳ таъин карда шуд.

 

КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

САИДҚОИМ ДАВЛАТҚАДАМОВ