ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ КИШВАР

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 ноябри соли 1994 тариқи райъпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст.

Ин асноди таърихиву ҳуқуқӣ барои халқи тоҷик ҳамчун санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва барномаи мукаммали рушди давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Зеро он дар вазъияти басо душвори таърихӣ қабул гардид ва моро аз роҳи ҳалокату нобудӣ наҷот дода, ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона роҳнамоӣ намуд.

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе бо иштироки раиси суд муҳтарам Зикирзода Л.Х., муовини якуми раис Давлатзода С.А., муовинон Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид.

Раиси суд муҳтарам Зикирзода Л.Х. маҷлиси ҷашниро кушода, эълон намуда, сароғоз ҳозиринро бо ин санаи таърихиву фархунда табрику шодбош гуфта, зикр намуданд, ки “Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки доир ба аҳамияти ин санади сарнавиштсоз қайд намуданд, ки  Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонанд сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз ҳақиқату ростӣ, эъмори давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд. Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо руйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад”.

 Ҳамин тариқ, раиси суд муҳтарам Зикирзода Л.Х. доир ба аҳамияти таърихӣ ва нақши Конститутсия дар ҳаёти давлатдорӣ сухан намуданд.

Дар идома, муовини якуми раиси суд Давлатзода С.А. ба сухан баромада, доир ба “Конститутсияи Тоҷикистон ва инкишофи он” ибрози назар кард.

Ҳамзамон, кормандони дастгоҳи суд Сафаров Ҳикматулло, Муҳаммади С., доир ба мавзуъи ҷашнӣ бо маърузаҳо баромад намуда, дигар бор аҳамияти бузург доштани ин санади таърихиро дар зеҳни ҳозирин мустаҳкам намуданд.

Дар фароварди маҷлиси ҷашнӣ раиси суд муҳтарам Зикирзода Л.Х. ҳозиринро дигарбора бо таҷлили ин санаи сарнавиштсоз яъне бо 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Тоҷикистони азиз пойдории сохти конститутсионӣ, сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пешрафту шукуфоӣ ва ба хонадони ҳар як тоҷику Тоҷикистонӣ файзу неъматро  таманно намуданд.

    Муҳаммади Сафарзод

                                                                                      корманди дастгоҳи суд