НАВРӮЗ РУКНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Дар таърихи фарҳанги мардуми форстабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни ҳуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва кӯҳнатару таърихи нест. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри панҷҳазорсоларо дорост. Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ҳамчун соли нав ҷашн гирифта, чун ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мешавад ва Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки ба солшумории имӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд. Доир ба пайдоиш ва бузургии ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ва бадеӣ маълумотҳои зиёде зикр гаштаанд, аммо маълумоти мустақим ва пурмаъно дар «Шоҳнома»-и Фирлавсӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор–ул-бақия»-и Абурайҳонӣ Берунӣ ва чанде дигар метавон пайдо намуд, ки дар ин асарҳо Шоҳ Ҷамшедро бунёдгузори ҷашни Наврӯз номидаанд. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдо шудани ҷашни Наврӯзро дар давраи салтанати Пешдодиён дар замони ҳукмронии шоҳ Чамшед қайд намудаанд. Чунончи дар асари машҳури Умари Хайем «Наврӯзнома» оид ба бунёд гаштани ҷашни мазкур чунин суханони пурмаъно омадааст, ки сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки офтобро ду давр бувад, яке он, ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бар ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва чун ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад Ӯ ибтидо карданд».
Наврӯз дар бисёр кишварҳо, хусусан дар Осиёи Миёна, Эрон, Туркманистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳо ба ҷашни бузург ва анъанаҳои гуворо ва аҷиби худ ҷашн гирифта мешавад. Барои тоҷикон Наврӯз як ҷашн, бо аҳамияти фарҳангӣ ва маънавӣ аст.
Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, нимкураи Ҳинд, Кафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ домон густурда, чун тамаддуни башарӣ байни мардум ҷашн гирифта мешавад.
Барои мардуми тоҷик Наврӯз чун яке ҷашнҳои қадимаи мардумӣ ба хисоб рафта дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзамин, аз қабили Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар қалбҳои мардум шодиву сурур ва интизориҳои некро аз сол ба бор меорад. Баҳор на танҳо дар табиат, балки дар қалбҳо ва рӯҳияи инсонҳо эҳё мешавад.
Наврӯз хосиятҳои раванди руҳии инсонро бозгӯ мекунад ва рамзи он аст, ки ҳар як инсон метавонад бо нияти тоза ва хиради нав ба ҳаёти худ назар кунад. Манзилу кӯчаҳоро тоза намуда, дар боғу саҳро бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои деҳқониву боғдорӣ шурӯъ мекунанд. Барпо намудани рамзи тозаи табиат, барқарор намудани муҳаббат ва эҳтиром ба табиат ва ё фаромӯш кардани иштибоҳҳо ва ношоистагиҳо, ҳамаи ин барои навсозии ҳаёти инсон муҳим аст.
Ин аст, ки Наврӯзро ҷашне медонанд, ки он боиси тағийроти амиқ дар қалб ва маънавиёти одамон мебошад. Ин рамзи ҳосили бомаром ва муҳаббат буда, фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз. Ин ҷашн ҳамеша бар рамзи таҷдиди тозагӣ, покизагӣ ва шодиву хушбахтӣ фаҳмида мешавад.
Наврӯз ҳамчун ҷавҳари тобнок ва нишонаи ҷовидонаи тамаддуни халқи тоҷик, ҳамеша нигаҳдорандаи мардум, забон, расму ойин, фарҳангу таърих аст ва бинобар ин он барои мардуми мо ҷашни ниҳоят муборак буда, дар моҳи Фарвардин, ки маънои пок, озода, қудсӣ ва муқаддасро дорад, таҷлил мегардад. Халқи тоҷик онро чун суннати муқаддасу муборак аз насл ба насл мерос гузошта, ба ҳама рангорангиву руҳи зиндагисозаш гиромӣ доштааст ва барои пойдории он талош варзидааст.
Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Навӯз эълон карда шуд.
Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва бахусуси роҳбари хирадманди он Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодати пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт намудани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд. Ин раванд хусусан дар замони муосир ва нофаҳмиҳову носозгориҳои сиёсӣ, ки инсоният дар арсаи раванди ҷаҳонишавӣ ва сиёсӣ ру ба рӯ омадааст, аҳамияти бесобиқаро доро мебошад.
Мо мардуми тоҷик хушбахту сарфрозем, ки тамоми халкҳо дар рӯзи ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамдигарро бо ибораи тоҷиконаи «Наврӯз муборак» табрик мекунанд. Ин бори дигар гувоҳи он аст, ки миллати мо дар тули таърихи худ, нақши паҳнкунандаи тамаддунро доро аст.
Имрӯз дар Тоҷикистони азизамон шукуҳу тантанаҳои наврӯзӣ гувоҳи он мебошад, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи суннатҳои бостонӣ арҷ гузошта, барои пойдорӣ ва боз ҳам ғанӣ гардонидани онҳо пайваста иқдом менамоянд. Чунки Наврӯз ҷашни инсонҳои некманиш ва таҳамулгаро буда, бо фарорасии он одамон кинаву адоватро аз дилҳо дур месозанд, бо покиву садоқати ботинӣ рӯ меоранд, ба беҳдошти фардӣ, хонаводагӣ ва ҷомеъа мепардозанд. Он нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешавқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву баробарӣ, меҳру шавқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи некӯ, зиндагии беҳин мужда мерасонад.
Судяи суди шаҳри Душанбе Насруллозода С.Н.
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе Раҳмонзода А.Р.
Суди шаҳри Душанбе 