Худшиносию худогоҳии миллӣ-пояи ҳастии миллат

Соли 2026-ум эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим мебошад. Рушд ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, метавонад муқовимат ба таҳдидҳои идеологӣ, фарҳангӣ ва маънавии бегонаро таъмин намояд.

Ҳадаф аз ин ибтикори саривақтии Пешвои миллат дар баробари анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, ҳамзамон боз ҳам баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии миллии аҳолӣ маҳсуб мешавад. Талошҳои пайваста ва таърихии Пешвои миллат барои рушду нумуи кишвар моро водор месозад, ки бо ҳисси баланди худогоҳиву худшиносӣ, садоқат ба Ватан ва ифтихор аз давлатдории миллӣ тамоми неруи худро баҳри ҳифзи истиқлоли миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватани худ сафарбар намоем. Пешвои миллат мақоми ҷавонону наврасонро дар амалӣ намудани нақшаву барномаҳои стратегии рушди ҷомеа махсус таъкид намуда, қайд мекунанд, ки: «ҷавонони мо бояд ворисони сазовори насли калонсол гарданд, ба қадри неъмати истиқлол расанд, дониши мукаммалу ҷаҳонбинии васеъ, зиракии сиёсӣ дошта бо шанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон ҳиссаи арзандаи худро гузоранд. Ман ба ин итминони комил дорам». Миллате, ки худшиносию худогоҳии миллӣ надорад, дар раванди таърих осебпазир гардида, хавфи аз даст додани ҳувият ва арзишҳои миллияш пеш меояд. Фарҳанг, анъана, урфу одат, ҷашну маросим ва арзишҳои маънавӣ низ дар раванди тарбияи иҷтимоӣ, ташаккули худшиносӣ ва ахлоқии ҷомеа нақши муассир мебозанд. Тавассути оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои фарҳангӣ арзишҳои миллӣ ба насли ҷавон интиқол меёбанд. Чунин шароит заминаи ташаккули шаҳрвандони худогоҳ, масъулиятшинос ва ватандӯстро фароҳам меорад. Омӯзиши таърихи миллӣ, адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои маънавӣ дар муассисаҳои таълимӣ заминаи рушди ҷаҳонбинии миллӣ мегардад. Илм ва таҳқиқоти илмӣ низ метавонанд дар омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ, таҳлили равандҳои иҷтимоӣва пешниҳод намудани роҳҳои рушди миллӣдар таҳкими худогоҳии миллӣ саҳм гузоранд.

Судяи Суди шаҳри Душанбе Раҷабзода С.Р. ва мушовири суди шаҳри Душанбе Ибронзода С.С.

Мақолаи мазкур дар маҷалаи  Паёми Спитамен аз 06 мйи соли 2026 таҳти №17 (11.563) нашр карда шудааст.