Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе

Рӯзи 22 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе  ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе, инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ дар ҳудуди шаҳр, таъмини қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, тақвияти чораҳои пешгирикунанда, инчунин таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марбута, тарбияи ноболиғон ва ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.