Вохӯрии навбатии судяҳои суди шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо омӯзгорону донишҷӯйёни Донишкадаи тарбияи ҷинсмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов

Судяҳои суди шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо судяҳои суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ин навбат дар доираи нақшаҷорабниҳо бо донишҷӯйёну омӯзгорони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саимуъмин Раҳимов вохӯри доир гардид.

Вохӯрии судяҳо санаи 23 майи соли равон, ки ба рӯзи ҷавонони Тоҷикистон рост омад, иштирокчиён бештар атрофи дастгириҳои роҳбарияти олии Ҳукумати кишвар аз ин қишри оянда сози миллат табодултои афкор намуданд, таъкид гардид, ки дар таърихи 35-соли соҳибистиқлоли ва давлатдории навини тоҷикон ҷавонон ҳамчун неруи ташабускору пешбарандаи ҷомеъа нақши муассир бозиданд.

Ҷавонони кишвар ҳамчун қишри фаъоли ҷомеъа дар тадбиқи сиёсати давлат, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф фарҳанг ва техналогияи муосир иштироки фаъол доранд.
Дар вохӯри судяҳо бо омӯзгорону донишҷуёни Донишгоҳи мазкур вобаста ба хатари ифротгароӣ, вазъи ҷинояткорӣ ва падидаҳои нигароникунанда дар байни ҷавонону ноболиғон, тарбияи наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маъориф”, пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” ва “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ибрози назар карда шуда.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.