Худшиносии миллӣ дар меҳвари Паём
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ҳамасола самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳуриро муайян ва вазифаҳои калидиро барои ҳокимияти давлатӣ, ҷомеъа ба ҳар як шаҳрванди кишвар мушаххас мекунад.
Паём дар самти сиёсю таърихӣ натанҳо шакли ҳисоботи солона, балки санади барномавӣ ва дастури мукаммали кишвар барои марҳилаи нави рушди солҳои 2026-2030 мебошад. Инчунин, он дар пешорӯйи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, ки вазифа ва масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро бамаротиб афзудааст.
Омӯзиш ва таҳлили баррасии нуктаҳои асосии ин ҳуҷҷати ҳаётан муҳим бароямон вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ аст.
Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандустӣ пояи устувори суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад ва Сарвари давлат онро самти афзалиятноки сиёсати давлат қарор додаанд ва мавзӯъи мазкур дар Паёми навбатӣ диққати махсус дода шудааст.
Аз ин ҷост, ки ба истиқболи шоистаи ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шавад».
Худшиносии милли заминаи ваҳдату ягонагӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва тарбияи ватандустӣ мебошад. Пойдории адолат, хирад, накӯкорӣ, сарбаландиву некномӣ низ аз худшиносист. Баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ тадбири муҳим дар раванди бошшидати Ҷаҳонишавӣ мебошад Усули босамари баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ҳуввияту ягонагӣ, ташаккули таффакури сиёсӣ-ҳуқуқӣ огоҳӣ аз таъриху фарҳанги милӣ, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ ҳифзи анънаҳои аҷдодӣ мебошад.
Тадбирҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, барномаю стратегияҳо, эҳёи маросиму ҳунарҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ
эхтиром ба қонун, давлат ва ҷомеъа, таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи фарҳанг, забон ва арзишҳои миллӣ баланд бардоштани ғурури миллӣ ҳамчун пояи асосии суботи сиёсӣ ва инкишофи давлати миллӣ бояд вазифаи муҳими ҳар як сокини кишвар бошад. Мардумро зарур аст, ки моҳияти ин гуфтҳои Пешвои Миллатро аз Паёми соли 2025 хуб дарк намоянд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат ба насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таасуби хурофот ватандусту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад»
Тарбияи ватандустӣ низ яке аз қисматҳои таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ буда, дар миллати тоҷик он мероси аз насл ба насл бо шири поки модар гузаранда аст. Зеро пояи мустаҳками маърифати имрӯзаи миллати тоҷик бар асоси зербинои маърифати гузаштагонамон бунёд ёфтааст.
Осори ниёгони мо хазинаи бебаҳою пурғановат ва арзишманду беназир аст. Рӯ овардан ба ин махзани гаронбаҳо қадами устувор дар ташаккули хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи сиёсӣ, ватандустӣ, масъулиятшиносӣ, инсондустӣ, маърифатӣ, маънавӣ таҳамулпазирӣ ва тафаккури интиқодӣ аст. Чунин манбаъи ифтихорӣ, ҳисси худшиносиро баланд мебардорад, фарзандонро бо арҷгузорӣ ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ, тарбия менамояд ва онҳоро барои пайравӣ намудан ба аъмоли нек ва номбардору ифтихори миллат гаштан водор месозад.
Мусаллам аст, ки худшиносӣ ва худогохии миллӣ аз домони модар сарчашма мегирад.
Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик, иззату эхтироми зан модар ҳамеша ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Зеро зан- модар аввалин муррабии инсон аст ва тарбияи ҳар як шахс аз батни поки ӯ оғоз меёбад. Сарчашмаи ҳаёти инсонӣ- зан ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табии интиқол медиҳад, ҳар аъмолу рафтор ва ахлоқи модар ба ақлу хислат ва ояндаи фарзанд таъсири бевосита мегузорад.
Ҳукумати мамлакат аз солҳои аввали соҳибистиқлоли ба масъалаи баланд бардоштани мақомоми зан дар ҷомеъа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Сиёсати давлатии бонувон дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Зеро Пешвои миллат дар ҳар маърӯза ва суханрониҳои худ вобаста ба кору фаъолият ва ҳадафҳое, ки ба занон нигаронида шудааст, борҳо таъкид менамоянд ва ёдовар мешаванд, ки «Ҷомеъаеро ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад.» Зеро сарвари давлат сарчашмаи худогоҳии миллиро дар оила, ки мактаби асосии он мактаби зан модар аст, медонанд.
Бо шарофати Истиқлолият ва дастгириҳои ҳамешагии Роҳабри давлат кору фаъолияти занону бонувон дар тамоми соҳахои ҳаёти ҷомсеъа боз ҳам назаррас гардидааст.
Чунин тадбир аз як тараф ғамхории Роҳбари давлатро нишон диҳад, аз тарафи дигар миллатдустдории Роҳбари давлатро нишон медиҳад ки сарчашмаи он эътимоди қавӣ ба иродаи устувори миллӣ аст.
Иҷрои вазифа ва дастурҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироашуда аз худшиносии баланди миллӣ ватандустӣ меҳанпарастӣ муттаҳиди дар атрофии Пешвои миллат вобастагии калон дорад.
Мо судяхо татбиқи пайгиронаи вазифаҳои дар Паём гузошташударо барои таҳкиму тақвияти худшиносии миллӣ дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, бо мардум ҳамқадам ва бо ҳадафхои созандаи давлат амал мекунем, зеро танҳо дар ҳамбастагӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъоли ҷомеъа метавон нуктаҳои Паёмро дар амал татбиқ карда, ба рушди устувори кишвар ва зиндагии шоистаи халқ ноил гардид.
Судяи суди шаҳри Душанбе
Насруллозода С.Н
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе
Раҳмонзода А.Р.
Суди шаҳри Душанбе 