Вохӯрии судманди судяҳои суди шаҳри Душанбе ва судяҳои суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо дониҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Рӯзи 8-уми майи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии муҳим ва судманди судяҳои Суди шаҳри Душанбе ва Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Раҳмонзода Малоҳат, судяҳои суди шаҳри Душанбе Насруллозода Сайёда, Бадалзода Маҳмуд ва Назарзода Ховар  иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами замон, аз ҷумла пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм, муқовимат ба тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, пешгирии хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ, инчунин роҳҳои мубориза бо омилҳои коррупсионӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.

Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.