Тренинги омӯзишӣ
Бо ташабуси Суди Олӣ ва маркази таълимии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз 05 то 07 феврали соли 2026 дар осоишгоҳи “Сароб” тренинги омӯзишӣ дар мавзуи “Баробарӣ ва ҳифз аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” баргузор гардида истодааст, ки дар раванди он муовини Раиси суди шаҳри Душанбе Мустафозода Ш. иштирок дорад.
Дар ҷараёни тренинг омӯзиши “Стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ оид ба баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз, намудҳои табъиз ва аҳамияти фарқгузорӣ, механизмҳои ҳимоя аз ҳама гуна шаклҳои табъиз” дар назар дошта шудааст.

Суди шаҳри Душанбе 