Дарсҳои хизматӣ — заминаи пешрафти фаъолияти касбӣ!
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе, риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя, ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи интизоми хизматӣ ва дар ин замина пешрафти фаъолияти корӣ дар асоси дастуру супоришҳои раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х. рӯзҳои душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта дар толори маҷлисгоҳи бинои суд аз ҷониби судяҳо ба навбат вобаста ба мавзуъҳои дахлдор ба фаъолияти касбӣ миёни кормандони дастгоҳи суд дарсҳои хизматӣ доир карда мешавад.
Ҳамин тариқ, санаи 5 майи соли равон бо иштироки муовини раиси суди шаҳри Душанбе Мустафозода Ш. дар толори маҷлисгоҳи бинои суд миёни кормандони дастгоҳи суд дарси хизматӣ доир карда шуд.
Доир гардидани дарсҳои хизматӣ миёни кормандони дастгоҳи суд кафили баландбардоштани савияи дониши касбии онҳо ва заминаи пешрафти фаъолияти касбӣ арзёбӣ мегардад.
Муҳаммади Сафарзод
корманди дастгоҳи суд