НИҲОЛШИНОНӢ
Мусаллам аст, ки тайи солҳои охир пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар заминаи иқдомҳои беназири Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар роҳи дигаргунсозиҳо ҳусни зебоеро фатҳ кардааст.
Яке аз чунин зебогиҳо дар ҷилои сабзрангии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо роҳи шинонидани ниҳолу дарахтони ҳамешасабз намоён мегардад, ки ин аз дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бармеояд.
Дар ин росто, бо мақсади беҳдошти вазъи экологии пойтахт аз ҷумла, дар ҳудуди кӯчаи А.Фирдавсӣ 5/7, 5/8 “Байни МТМУ №77 ва №78” ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Суди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи он 200 адад дарахтони ҳамешасабзи навъи “Санавбар” ва “Қарағоч” шинонида шуд.
Қобил ба зикр аст, ки дар оянда низ раванди шинонидани дарахтони ҳамешабсаз аз ҷониби кормандони Суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои тобеъи он сурат гирифта, дар рушди сабзрангии пойтахт ва тозаву озода нигоҳ доштани вазъи экологии он саҳм гузошта мешавад.