ОМӮЗИШИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУД
Тибқи дастури раиси суди шаҳри Душанбе Зикирзода Л.Х. бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони дастгоҳи суд миёни онҳо омӯзиши қонунҳои миллӣ аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба роҳ монда шуд.
Раванди омӯзиши қонунҳои мазкур тибқи ҷадвал ҳар рӯзи ҷумъаи ҳафта бо иштироки кормандони дастгоҳи суд дар ҳамбастагӣ бо судяҳои суди шаҳри Душанбе сурат мегирад.
Ҳамин тариқ, дар дарси аввали омӯзишӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак” аз ҷониби кормандони дастгоҳи суд бо иштироки судяҳои суди шаҳри Душанбе мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Вобаста ба ин кормандони дастгоҳи суд Муҳаммади Сафарзод ва Сафаров Ҳикматулло ба навбат баромад намуда, ба таҳлили мафҳум ва моҳияти қонуни болозикр, инчунин муқаррароти он пардохтанд.
Зимни баромад корманди дастгоҳи суд Сафаров Ҳикматулло қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи кӯдак”-ро аз ҷумлаи тадбирҳои саривақтӣ хонда, қайд намуд, ки дар заминаи муқаррароти қонуни мазкур мо метавонем, ки кӯдакро дар руҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ таълиму тарбия намуда, ба ин васила ҳаёти ӯро пайванд ба саодату некиҳо бисозем.
Қобил ба тазаккур аст, ки ба роҳ мондани чунин иқдоми орифонаи раиси суд Зикирзода Л.Х. дар мустаҳкам намудани савияи донишҳои касбӣ ва устувории фарҳанги ҳуқуқии кормандони дастгоҳи суд заминаи олиро мегузорад.
Муҳаммади Сафарзод
корманди дастгоҳи суд