«Рӯзи дониш-дарси Сулҳ»
Санаи 1 сентябри соли 2024, судяҳо ва кормандои дастгоҳи суд бо иштироки роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи суд тариқи оинаи нилгун рафти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”-ро тамошо намуданд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маорифи кишвар ибрози назар андохта, қайд намуданд, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ ба таҳлили вазъи кунунии соҳаи маориф, дастоварду натиҷаҳои соҳа пардохта, ҳозиринро ба таълиму тарбияи дурусти фарзанд ҳидоят намуданд.
Ҳамин тариқ, мазмуну муҳтавои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар “Рӯзи дониш ва дарси сулҳ”-ро дастуру роҳнамоиҳои муфид ба ҳар як фарди худшиносу худогоҳ, ватандӯсту нексиришт ташкил дода, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд аз дидани он ба худ дарси бузурги маънавиётро касб карданд.
Муҳаммади Сафарзод
Корманди дастгоҳи суд