МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 22 ноябри соли 2023 дар толори суди шаҳри Душанбе маҷлиси ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Зикирзода Лоиқ, муовини якум Давлатзода Саидраҳмон, муовинони Раиси суд Бобохонзода Асомуддин ва Саидзода Марзия, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур аввалан Раиси суди шаҳри Душанбе муҳтарам Зикирзода Лоиқ хозиринро бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, қайд карданд: «Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад».
Сипас, дар давоми маҷлиси ҷашнӣ судяи суди шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси суди шаҳри Душанбе Давлатзода Саидраҳмон, судя Бадалзода Маҳмуд, кормандони дастгоҳи суд Ҳукумзода Адҳамшо ва Ҳабибзода Саидбасир вобаста ба паҳлуҳои гуногун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ