ИШТИРОКИ КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ҲАМОИШИ ИЛМӢ — ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ «ҶАВОНОН — ҲОМИИ КОНСТИТУТСИЯ ВА ҲУҚУҚУ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ»

Бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, санаи 3 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи  славянии Тоҷикистону  ҳамоиши илмӣ- фарҳангии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон  —  ҳомии конститутсия ва ҳуқуқу манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия иштирок доштанд. Дар давоми ҳамоиши мазкур сардори шуъбаи коргузориии суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Даврон Назирмад суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба 29 солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, ҷабҳаҳои гунонгуни ин санади муҳими таърихиро таҳлил намуданд.

ДАВЛАТҚАДАМЗОД САИДҚОИМ

КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ