МАҶЛИСИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ВОБАСТА БА ГУСЕЛКУНИИ РАИСИ СУД ВА СУДЯИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 6 июли соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе, маҷлиси навбатӣ вобаста ба гуселкунии Раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ. ва судяи суди шаҳри Душанбе ба сини нафақа баргузор гардид. Дар маҷлиси мазкур иҷрокунандаи вазифаи Раиси суди шаҳри Душанбе Давлатзода С., муовинони раиси суди шаҳри Дуашнбе Бобохонзода А. ва Саидзода М., судяҳо ва кормандони суди шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2023 таҳти №597 Гиёзода Мирзоисмон Қурбон аз вазифаи раиси суди шаҳри Душанбе ва Ашурмамедова Маърифат Гулбековна аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шуданд.

КОРМАНДИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ