МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР БИНОИ СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 3 ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон қайд намуданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини кишвар санади воқеан таърихӣ ва тақдирсози миллат буда, он Истиқлолияти давлатии кишварро дар сатҳи Қонуни асосӣ таҳким бахшид.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи нави рушду тараққӣ ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Конститутсия ҷиҳати таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ, бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд асос гузошта, бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид.
Конститутсия ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва асоси устувори ҳуқуқиро ба вуҷуд оварда, бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодӣ, фаъолияти муътадили сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро кафолат медиҳад.
Ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан ҳам боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди мамлакат маҳсуб меёбад.
IMG_1500.JPGДар ҷамъомади тантанавӣ ҳамчунин судяҳои Суди Олӣ ва судҳои поёнӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, зикр карданд, рӯзи 6 ноябри соли 1994 мардуми шарифи Тоҷикистон бори аввал бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ низоми давлатдории миллӣ, фаъолияти шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ташаккули ҷамъият ва роҳи зиндагиву давлатдории худро барои оянда интихоб намуд.
Бо қабули Конститутсия миллати тоҷик ба марҳилаи сифатан нави таърихии инкишофи худ ворид шуда, дар ҷомеаи навин дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва судӣ-ҳуқуқӣ оғоз гардид.
Дар Конститутсия муқаррар карда шуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегардад.
Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, дар он принсипҳои асосии фаъолият ва низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколати судяҳо муайян карда шуданд.
Дар ҳамин радиф ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни муҳим ва зарурии сохтори ҳокимияти давлатӣ муаррифӣ гардида, принсипи конститутсионии мустақилияти судяҳо ҳамчун яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз дар Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда мавқеи хоса пайдо намуд.
Бешубҳа Конститутсия дастоварди Истиқлолият ва сутуни асосии таҳкимбахшандаи он буда, рӯзи қабули он ҳамчун яке аз санаҳои таърихӣ дар саҳифаҳои китоби давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.
Дар интиҳои маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Рӯзи Констутсияи Чумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бо таманниёти нек ба кори маҷлис хотима бахшиданд.

*Бознашр аз сомонаи расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон