Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии ҳифзи давлатии оила

Оила сохтори ибтидоии ҳар гуна ҷомеа ва зинаи аввалини ташаккули он ба ҳисоб меравад. Ҷомеаи инсонӣ бидуни оила вуҷуд дошта наметавонад ва аз дараҷаи некуаҳволӣ ва маърифатнокии оилаҳо дар кадом сатҳи инкишоф қарор доштани ин ё он ҷомеа ва давлат муайян карда мешавад. Бинобар ин, ҳуқуқи ташкил намудани оила дар қатори ҳуқуқҳои афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ қарор дорад. Ҳуқуқу озодиҳои иҷтимоӣ бошад маҷмўи ҳуқуқу озодиҳоеро дар бар мегирад, ки ба шахс сатҳи зиндагии арзанда ва ҳангоми мавҷуд будани шароитҳои муайян имконияти истифода аз онҳоро дар бар мегирад. Вобаста ба ин, дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ, модарӣ, падарӣ ва кўдакӣ бо дарназардошти суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷик мавриди таваҷҷуҳ қарор дода мешавад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидани меъёри арзишманди давлат оиларо ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимоя қарор медиҳад ва ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад, аз он шаҳодат медиҳад, ки танзими ҳуқуқии ҳифзи давлатии оила ҳамчун асоси меъёрии устувории оилаҳо ва мустаҳкамии муносибатҳои дохилиоилавӣ баромад мекунад, зеро дар Конститутсияи мамалакат муҳимтарин меъёру принсипҳои ба оила алоқаманд, аз қабили баробарии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ, расидан ба синни никоҳӣ, принсипи якканикоҳӣ, таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат будани модару кўдак, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва масъулияти фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модари қайриқобили меҳнат ва ба ёрӣ эҳтиёҷманд, тадбирҳо бобати фароҳам овардани шароит барои таълиму тарбияи кўдакони ятим, маъюб ва бепарастор муқаррар гардидааст.

Ин меъёрҳои конститутсионӣ аз як тараф аз суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷик сарчашма гирифта бошад, аз тарафи дигар, ҳамчун таҷрибаи пешқадами мамолики пешрафта ба ҳисоб меравад.

Дар қисми 1 моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият таҳти ҳимоя қарор медиҳад. Воқеан оила ҳамчун ячейкаи хурди ҷомеа ва зинаи аввалини ташаккули шахсиятҳо ба ҳисоб меравад, зеро иҷрои вазифаҳое, ки ба зиммаи оила гузошта шудааст, аз қабили ба вуҷуд овардани насли солим (репродуктивӣ), хоҷагидорӣ (иқтисодӣ), маънавиётӣ ба ҳам созгори аъзои оила ва дастгирии модию маънавии байниҳамдигарӣ  далели он аст, ки маҳз ин ниҳоди ҷомеа барои устувории пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини сулҳу оромӣ ва пешрафти бемайлони ҷомеа ҳамчун асоси иҷтимоӣ хизмат менамояд.

Дар баробари ин, муҳимтарин принсипҳои ҳуқуқи оилавӣ дар Қонуни асосии кишвар мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор дода шудааст, ки минбаъд қонунгузории оилавӣ аз онҳо сарчашма мегирад. Аз ҷумла, ҳуқуқи ҳар шахс ба ташкили оила, расидан ба синни никоҳӣ, баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, вазъи молумулкӣ ва дигар мансубияти иҷтимоӣ, баробарҳуқуқии занону мардон дар ҳалли тамоми масъалаҳои оилавӣ, афзалияти ҳуқуқҳои модар ва кўдак дар муносибатҳои оилавӣ, манъи дахолати шахсони сеюм ба муносибатҳои оилавӣ, парвариши эҳсоси баланди масъулият дар назди оила, дар зери назорати давлат бекор кардани ақди никоҳ, принсипи якканикоҳӣ, барҳам додани таассубу хуруфот ва урфу одатҳои зарарноки даврони гузашта, кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои корношоями оила, дар асоси мувофиқаи тарафҳо ҳал намудани ҳама гуна масъалаҳои дохилиоилавӣ, афзалияти тарбияи кўдак дар оила, ғамхорӣ нисбат ба некуаҳволӣ ва рушду камоли ў, ба зиммаи давлат вогузор намудани уҳдадорӣ оид ба ҳифзи оила, модарӣ, падарӣ ва кўдакӣ, озодона ва ихтиёри бастани ақди никоҳ.

Дар асоси муқаррароти қисми 1 моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Модару кўдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд”. Ин меъёри конститутсионӣ андешидани чорабиниҳои гуногунро вобаста ба устувории оилаҳо, ҳавасманд намудани модарӣ, ҳифи манфиатҳои ҳамаи аъзои оила, махсусан модару кўдак ва муайян намудани шароитҳои кафолатдиҳандаи иҷрои ҳуқуқи оилавии шаҳрвандонро тақозо мекунад. Инъикоси ин меъёри конститутсионӣ аз он дарак медиҳад, кӣ дар ҳуқуқи миллӣ муқаррароти дахлдори як қатор санадҳои байналмилалӣ, аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (10.12.1948), Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ (16.12.1966), Эъломия оид ба ҳуқуқи кўдак(1959), Консвенсия дар бораи манъи ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон (18.12.1979), Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак (20.11.1989) ва ғайра имплементатсия шудаанд.

Аз ҷумла, дар қисми 2 моддаи 25 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муқаррар гардидааст, ки “Модарону кўдакон ба васоят ва кўмаки махсус ҳақ доранд. Ҳамаи кўдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд”.

Дар қисми 1моддаи 10 Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ давлатҳои ширкаткунандаи Паймони мазкур вазифадор шудаанд, ки барои оила, ки ҷузъи табии ва асосии ҷомеа мебошад, ба андозаи имкон бояд муҳофизат ва кўмаки ҳамаҷониба ва пурвусъат, хусусан ҳангоми ташкили он ва дар ҳоле, ки оила масъулияти ғамхорӣ ба атфоли ғайримустақил ва тарбияи онҳоро ба зимма дорад, фароҳам оварда шавад. Никоҳ бояд бо ризоияти озодонаи ашхоли ба ақди никоҳ дароянда сурат гирад.

Ҳамин гуна меъёрҳои ба оилаву никоҳ алоқаманд дар дигар Конвенсияву меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ муқаррар гардидааст, ки ин идея дар қонунгузории кишвари мо ба таври назаррас истиқбол мегардад.

Дар қисми 2 моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, ки “Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳанат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъуланд”. Ин меъёр чунин маънидод мегардад, ки ҳам падару модарон дар тарбия ва парвариши ҳамаҷонибаи фарзандон ва ҳам фарзандон барои нигоҳубини падару модарон дар аёми пиронсолагӣ ва корношоямиву эҳтиёҷмандӣ масъулият ва ҷавобгарии баробар доранд.

Бо мақсади пурзўр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия кардани фарзандон, ичунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо бо ташаббуси наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз 2.08.2011 сол, таҳти №762, қабул гардид, ки он аз муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, масъулияти ҳамаҷонибаи падару модарро дар раванди таълиму тарбияи фарзанд, масъулияти ҷомае, муассисаи таълимӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар раванди таълиму тарбияи фарзанд, инчунин уҳдадориҳои фарзандони болиғу қобили меҳнатро барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модари ба ёрӣ эҳтиёҷман ва ғайри қобили меҳнат муқаррар намуд, ки он барои устуворӣ ва пойдори минбаъдаи муносибатҳои оилавӣ асоси ҳуқуқии мусоид ба ҳисоб меравад.

Маврид ба ёдоварист, ки дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи қонунгузорӣ як қатор меъёрҳои наве таҳия, қабул ва интишор гардиданд, ки барои ташаккули минбаъдаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Аз қабили Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (13.11.1998), ки муҳимтарин меъёру принсипҳои ба оилаву қонунгузории оилавӣ алоқамандро дар бар гирифта, дар заминаи ба инобатгирии муқаррароти дахлдори санадҳои байналмилалӣ қабул гардидааст, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.1999, таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа”,  Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2000 сол, №98 “Дар бораи тасдиқи низомномаи мақомоти васояту парасторӣ” , аз 8.08.2001, №391 “Дар бораи Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, аз 1.11.2006, №496 “Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016”, аз 30.12.2015, №801 “Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имконияти баробари амалигардонии онҳо” аз 1.03.2005 ва ғайра.

Ҳамин тавр, дастгирии ҳамаҷонибаи ҳифзи давлатии оила дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавқеи муҳимро дорад. Дар сатҳи конститутсионӣ муқаррар гардидани асосҳои ҳуқуқи ташкилу ҳифзи давлатии оила, боз ҳам далели мавқеи хоссаи оила ҳамчун асоси табиию иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

 

 

Судяи суди шаҳри Душанбе:                                         Ҷобирзода С.Ҳ.

 

Котиби маҷлиси судии

суди шаҳри Душанбе:                                                      Аъзамова  Ф.С.