ИҚДОМИ НЕК БАХШИДА БА МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи мубораку хайру сахо, некӯкорӣ аст, дасти кӯмак расонидан ба шахсони маъюбу бепарастор, собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону барҷомондагон яке аз фазилатҳои неки дини мубини ислом ба ҳисоб меравад.
Cуди шахри Душанбе, низ дастуру супоришҳои Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба аёдати бархе аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рафтанд. Роҳбарияти Суди шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки дар моҳи шарифи Рамазон баҳри дастгирии ниёзмандону эҳтиёҷмандон, дасти мададашро дароз намояд. Ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд, номбурдагонро ба фарорасии моҳи бузург табрику муборакбод намуда, ба онҳо маводҳои ниёзи аввал тақдим намуданд.
Дар роҳи Худо ду каъба омад ҳосил,
Як каъбаи сурату як каъбаи дил.
То битвонӣ, зиёрати дилҳо кун,
К-афзун зи ҳазор каъба омад як дил.
ДАВЛАТҚАДАМОВ САИДҚОИМ
КОРМАНДИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ