Баргузор гардидани Раёсати суди шаҳри Душанбе дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 30 декабри соли 2020 дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода С.С., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ализода Ш.Ш., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Азиззода З.Н., раиси суди шаҳри Душанбе — Гиёзода М.Қ., муовинон ва судяҳои суди шаҳри Душанбе, ҳамчунин раисон, муовинон ва судяҳои суди ноҳияҳои шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати суди шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаи ҷамъбастии фаъолитяи суди шаҳри Душанбе ва судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар соли 2020 муҳокима гардида, маърӯзаи раиси суди шаҳри Душанбе Гиёзода М.Қ., муовини якуми раиси суди шаҳри Душанбе Холиқмуродзода Д.А., муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии суди шаҳри Душанбе Саидзода М.Ф., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии суди шаҳри Душанбе Азизматзода Х. ва баромади раисони судҳо оид ба фаъолияти кор ва ҷамъбастии соли 2020 шунида шуд.
Дар охир Раёсати суди шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои муҳокимагардида қарор қабул намуд.
МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе