Коллегияи судӣ ҳукми шаҳрванди хориҷиро барои содир намудани дуздӣ бетағйир гузошт.
Рӯзи 2 декабри соли 2020 коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе, дар ҳайати раисикунанда муовини раиси суди шаҳри Душанбе Бобохонзода А., судяҳо Мусобекзода Т.М. ва Нарзуллозода Ш.Н., бо иштироки тарҷумон Маликзода Н.Ғ., прокурор Акрамзода Ҳ., ҳимоятгарон Юнусов С.Р., Азимов А.Н. ва маҳкумшуда Хошимхонов О.О.Ў. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятиро аз рўи шикояти кассатсионии ҳимоятгарони маҳкумшуда Хошимхонов О.О.Ў. — Юнусов С.Р. ва Азимов А.Н. нисбат ба ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 2 ноябри соли 2020 дида баромад, ки бо он,
Хошимхонов Олимхон Орифхон Ўғлӣ, таваллудаш 12 декабри соли 1996, зода ва сокини Ҷумҳурии Ўзбекистон, вилояти Намангон, ноҳияи Косонсой, Ҷамоати Ўзбекистон, деҳаи Испарон, хонаи 41, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, қаблан суд нашудааст, оиладор соҳиби як нафар фарзанд,
бо моддаи 244 қисми 4 банди «б»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон пурзўр, таъин карда шудааст.
Коллегияи судӣ муайян кард, ки суди марҳилаи якум Хошимхонов Олимхон Орифхон Ўғлӣ-ро барои он гунаҳгор дониста маҳкум намудааст, ки ў бо ҳамроҳии шахсони дигар 08.06.2020 сол тахминан соати 11:00 дақиқа, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи кўчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, 3- адад қубури оҳанин, дарозиашон 6 метри, кутрашон 325 х 6 мм, ба ҶДММ «Шаҳмаран» тааллуқ доштаро, ки арзиши умумиашон 11466 (ёздаҳ ҳазору чорсаду шасту шаш) сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда, онҳоро дар автомашинаи боркаш бор карда, ба нуқтаи фурўши оҳанпора бурда фурўхтаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶДММ «Шаҳмаран» ба маблағи 11466 (ёздаҳ ҳазору чорсаду шасту шаш) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулки расонидаанд.
Боз, ў такроран бо ҳамроҳии рафиқонаш Шарипов Баҳодур Ибрагимович, Назиров Раҳмидин Салоҳидинович ва Боронов Фирдавс Сафарович тахминан рӯзи 08.06.2020 сол тахминан соати 16:00 дақиқа, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи кўчаи Соҳилии шаҳри Душанбе, 6-адад қубури оҳанин, дарозиашон 12 метри, қутрашон 325 х 6 мм, ба ҶДММ «Шаҳмаран» тааллуқ доштаро, ки арзиши умумиашон 45864 (чилу панҷ ҳазору ҳашсаду шасту чор) сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда, онҳоро дар автомашинаи боркаш бор карда, ба нуқтаи фурўши оханпора бурда фурўхтаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶДММ «Шаҳмаран» ба маблағи 45 864 (чилу панҷ ҳазору ҳашсаду шасту чор) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулки расонидаанд.
Боз, ў такроран бо ҳамроҳии рафиқонаш Шарипов Баҳодур Ибрагимович ва Орипов Файзулло Нуруллоевич тахминан мобайнҳои моҳи июни соли 2020, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи кўчаи Сомонии шаҳри Душанбе, як адад қубури оҳанин, дарозиаш 12 метр, қутраш 426 х 6 мм, ба ҶДММ «Шаҳмаран» тааллуқ доштаро, ки арзишаш 10273 (даҳ ҳазору ду саду ҳафтоду се) сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, онро дар автомашинаи боркаш бор карда, ба нуқтаи фурўши оҳанпора бурда фурўхтаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶДММ «Шаҳмаран» ба маблағи 10273 (даҳ ҳазору ду саду ҳафтоду се) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулки расонидаанд.
Боз, ў такроран бо ҳамроҳии рафиқаш Шарипов Баҳодур Ибрагимович тахминан 18.06.2020 сол тахминан соати 11:00 дақиқа, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи кўчаи Есенинаи шаҳри Душанбе, 7-адад қубури оҳанин, дарозиашон 12 метрӣ, қутрашон 630 х 8 мм, ба ҶДММ (Шаҳмаран» тааллуқ доштаро, ки арзиши умумиашон 139230 (яксаду сиву нуҳ ҳазору дусаду си) сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда, онҳоро дар автомашинаи боркаш бор карда, ба нуқтаи фурўши оҳанпора бурда фурўхтаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶДММ «Шаҳмаран» ба маблағи 139 230 (яксаду сиву нуҳ ҳазору дусаду си) сомонӣ зарари махсусан калони молу мулки расонидаанд.
Боз, ў такроран бо ҳамроҳии рафиқаш Шарипов Баҳодур Ибрагимович 27.06.2020 сол тахминан соати 09:00 дақиқа аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи кўчаи С.Шерозии шаҳри Душанбе, 5-адад пояҳои оҳанин барои камераҳои назоратии «Шаҳри бехатар» ба ҶДММ «РОҲИ-ТОҶИК» тааллуқ доштаро, ки арзиши умумиашон 112 935 (яксаду дувоздаҳ ҳазору нуҳсаду сиву панҷ) сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф карда ба нуқтаи фурўши оҳанпора бурда фурўхтаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶДММ «РОҲИ-ТОҶИК» ба маблағи 112 935 (яксаду дувоздаҳ ҳазору нуҳсаду сиву панҷ) сомонӣ зарари калони молу мулки расонидаанд.
Боз, ў такроран бо ҳамроҳии рафиқонаш Шарипов Баҳодур Ибрагимович ва Назиров Раҳмидин Салоҳидинович тахминан 30.06.2020 сол тахминан соати 09:00 дақиқа, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи кўчаи Сафар Аюбии шаҳри Душанбе, 3-адад қубури оҳанин қутраш 530, дарозиашон 11,3 метр, ҳамагӣ 33,9 метр ба ҶДММ «РОҲИ-ТОҶИК» тааллуқ доштаро, ки арзиши умумиашон 35 051 (сиву панҷ ҳазору панҷову як) сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда, ба нуқтаи фурўши оҳанпора бурда фурўхтаанд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶДММ “РОҲИ-ТОҶИК» ба маблағи 35 051 (сиву панҷ ҳазору панҷову як) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулки расонидаанд.
Боз, ў такроран бо ҳамроҳии рафиқаш Шарипов Баҳодур Ибрагимович 05.07.2020 сол тахминан соати 06:00 дақиқа аз ҷониби гуруҳи шахсон бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр, аз канори роҳи автомобилгарди кўчаи Р.Набиеви шаҳри Душанбе, як адад қубури калони Оҳанин (турба) қутраш 530 х 8 мм, дарозиаш 1 метр, вазни умумиаш 1220 килограмм ба ҶСП «ЗАВОДИ АСФАЛТУ БЕТОН» тааллуқ доштаро, ки арзишаш 13 768 (сенздаҳ ҳазору ҳафсаду шасту ҳашт) сомониро ташкил медиҳад тасарруф намуда, онҳоро дар автомашинаи боркаш бор карда, ба нуқтаи фурўши оҳанпора воқеъ ба суроғаи ноҳияи Рудакӣ, Ҷамоати Россия деҳаи Фалагон интиқол дода, дар вақти онҳоро фурўхтан, аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда мешаванд. Дар натиҷа бо ин кирдорашон ба ҶСП «ЗАВОДИ АСФАЛТУ БЕТОН» ба маблағи 13 768 (сенздаҳ ҳазору ҳафсаду шасту ҳашт) сомонӣ зарари ҷиддии молу мулки расонидаанд.
Коллегияи судӣ маводҳои парвандаро муҳокима намуда, ваҷҳҳои шикояти кассатсиониро санҷида баромада, ба хулоса омад, ки ҳукми суди марҳилаи якум қонунӣ, асоснок ва одилона буда, асосҳои кофӣ барои тағйир додан ва ё бекор кардани он мавҷуд намебошад.
Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии сархати 1 моддаи 371 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, коллегияи судӣ ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 2 ноябри соли 2020 нисбати Хошимхонов Олимхон Орифхон Ўғлӣ-ро бетағйир, шикояти кассатсионии ҳимоятгарони маҳкумшуда Хошимхонов О.О.Ў. — Юнусов С.Р. ва Азимов А.Н.-ро беқаноат мононд.
МАЛИКЗОДА НУРИДДИН ҒИЁС
Корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе