Табрикоти Раиси суди шаҳри Душанбе дар рӯзи касбии кормандони милитсия
Бо қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 2 августи соли 2011 №753, ҷашни касбии кормандони милитсия рӯзи 10 ноябр муқаррар карда шуд. Ин сана аз ҷиҳати илмиву таърихӣ исбот шудааст ва санадҳои таърихие, ки имрӯз мавҷуданд аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Далелҳои мӯътамад гувоҳи онанд, ки ҳанӯз дар солҳои аввали ғалабаи инқилоби октябр дар қисмати шимолии Тоҷикистони имрӯза нахустин дастаҳои милитсия созмон ёфта буданд. Асоси ҳуқуқи таъсисёбии милитсияро дар гӯшаву конори собиқ империяи Россия, ки қаламрави Тоҷикисони кунунӣ низ ба он дохил мешуд, Декрет «Дар бораи милитсияи коргарӣ», ки 10 ноябри соли 1917 ба тасвиб расонида буд, ташкил медиҳад. Бинобар ин, ба 10 ноябр баргардонидани Рӯзи милитсияи тоҷик аз ҷиҳати таърихӣ ва илмӣ воқаен дуруст мебошад.
Бинобар ин, ҳамасола 10 ноябр аз таърихи милитсияи Тоҷикистон ёдовар гардида, ранҷу заҳмат ва талошу кӯшишҳои шабонарӯзии кормандони мақомоти корҳои дохилиро дар таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ дар пеши назар оварда мешавад.
Имрӯзҳо ба ифтихори иди касбии кормандони милитсия дар ҷузъу томҳои ВКД чорабиниҳои идона доир мегарданд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти корҳои дохилӣ имрӯз ба як ниҳоди боэътимод ва сохтори фаъоли давлатӣ табдил ёфтааст. Саҳми хизматчиёни он дар таъмини оромиву субот дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ниҳоят калон буда, мардум дар симои онҳо ҳомиву пуштбони худро мебинанд.
Мутобиқи моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи милитсия” — Милитсия мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ, таҳқиқу тафтишот буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тартиботи ҷамъиятӣ, манфиатҳои ҷамъияту давлатро аз кирдорҳои ҷинояткорона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо муҳофизат намуда, ҳуқуқ дорад чораҳои маҷбурии дар доираи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳо пешбинигардидаро ба кор барад.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба самтҳои асосии фаъолияти милитсия ин ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ; пешгирӣ, рафъи ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо; ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ; таъмини тартибот ва бехатарии ҷамъиятӣ; ошкор намудан, таҳқиқ ва тафтиши ҷиноятҳо, ҷустуҷўи шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд; ҳимояи ҳама гуна шакли моликият аз кирдорҳои ғайриқонунӣ; дар доираи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани таблиғоти ҳуқуқӣ дар байни шаҳрвандон, шахсони мансабдор, дар корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият; таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ; татбиқ ва иҷрои ҷазои маъмурӣ; амалӣ намудани назорати муҳоҷират дар доираи салоҳияти худ, танзими масъалаҳои будубоши гурезаҳо ва шахсоне, ки паноҳгоҳ меҷӯянд вогузор карда шудааст, ки ҳаммаи мо шоҳидӣ бо муваффақият амалӣ гардидани ин вазифаҳо мебошем.
Баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ милитсияи тоҷик ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ки халалдор намудани ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат, поймол намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инчунин заиф гардонидани пояҳои давлатдориро мехостанд, қарор гирифта буд.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз ҳамкориҳои судманди мақомоти судӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва аз натиҷаҳои пурсамари ин ҳамкориҳо дар самти пойдории сохти Конститутсионӣ, таъмини сулҳу амният ва пешгирӣ аз ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ёдовар шуда, ҳамаи шумо, кормандони милитсияи тоҷикро ба муносибати ҷашни касбиатон — Рӯзи милитсияи тоҷик аз номи худ ва аз номи тамоми кормандони суди шаҳри Душанбе табрик гуфта, ба кулли ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар саломатӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти хизматиатонро таманно менамоем.
Раиси суди шаҳри Душанбе
Гиёзода М.Қ.