Мақола дар мавзӯи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон

Тибқи талаботи моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Точикистон бо аввалин Конститутсияи дар даврони соҳибихтиёрӣ қабулкардааш, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои уро арзиши олӣ эътироф намуда, фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳз ба таъмини риояи ин арзишҳои олӣ нигаронида шудаанд.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин кафолатҳо, дар сатҳи конститутсионӣ яке аз шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ дар симои ҳокимияти судӣ вазифадор гардид.

Дар ин самт, санадҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ роҷеъ ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуданд, ки дар асоси талаботи моддаи 10 Конститутсия қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва аъзои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Шуро ва Кумитаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон мунтазам иштирок ва маърўза намуда, доир ба ҳолати риояи ин муқарраротҳо дар муколамаҳо иштирок менамояд.

Яке аз масъалаи муҳим, ки ба таъмин риояи ҳуқуқи инсон равона гардидааст, пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ба шумор меравад.

Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгўии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.

Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кўдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад.

Дар ин ҷодда, аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шуда, Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон ва истисмори онҳо барои фоҳишагарӣ аз тарафи шахсони сеюм аз 2 декабри соли 1949, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кўдак ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф карда шуданд.

Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва вазъи ҳуқуқии ҷабрдидагони хариду фуруши одамонро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон» 26 июли соли 2014 №1096 муайян менамояд.

Ғайр аз ин, Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 қабул гардида мавриди иҷро қарор дорад.

Ҷинояти мазкур яке аз кирдорҳои нанговар ба шумор рафта, аз ҷониби иттиҳоди умумиҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ба муқобили ҳуқуқи инсон эътироф шудааст.

Таркиби ҷинояти савдои одамон ба Кодекси ҷиноятӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 августи соли 2003, № 45 дохил карда шудааст. Яке аз асосҳои ба Кодекси ҷиноятӣ  дохил намудани чунин таркиби ҷиноят — ин аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурўши одамон, хусусан занону кўдакон ва ҷазо барои он, ки илова ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ мебошад, ба ҳисоб меравад. Ин санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Маттаҳид аз 15 ноябри соли 2000 қабул шудааст. Ин санади ҳуқуқи байналмилалиро Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2002 тасдиқ кардааст.

Ҷинояти савдои одамон ба ҷамъият хавфнокии махсус дошта, ба ҷиддан поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равон шуда, дорои ҷузъҳои таҳдид нисбат ба амнияти миллӣ ва таҳриби субботу устувории вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии давлат мебошад.

Бо вуҷуди он, ки қонунгузории амалкунанда савдои одамон ва истисмори онҳоро бо таҳдиди татбиқи ҷазои ҷиноятӣ манъ карда, ин кирдорҳоро ҷиноят эътироф намуда бошад, ҳам аз таҷрибаи судӣ ба назар мерасад, ки ҳоло ҳам шахсони алоҳида ба содир кардани ин амалҳои ҷинояткорона  ва нанговар даст мезананд.

Омӯзиши таҷрибаи судӣ ва баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ собит менамояд, ки асосан ҷавондухтарон қурбониёни савдои одамон мегарданд. Ҷинояткорон аслан ҷавондухтаронеро, ки ба мушкилоти зиндагӣ рўбарў гардида, ё таҷрибаи зиндагии камтар доранд ҳадафи асосии худ қарор медиҳанд.

Аз таҷрибаи судӣ бармеояд, ки мутаассифона асосан ба ин ин кирдори ҷинояткорона занон даст мезананд.

Аз ҷумла баррасии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Абдуллоева Ш.Ҳ., ва Раҳимова М.Р., бо моддаи 1301 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дод, ки маҳкумшуда бо мақсади ҷалб ва дар оянда хариду фурўш намудани занону духтарон барои фаъолиятиё шаҳвонӣ, ҷойивазкунии онҳо тавассути сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ ба даст овардани даромади ғайриқонунӣ се нафар ҷавондухтаронро бо роҳи фиреб ва бо истифода аз вазъи ногувори зиндагиашон онҳоро бо пешниҳоди ко рва бо роҳ ба даст овардани маблағҳои калони пулӣ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ҷалб намудааст.

Абдуллоева Ш.Ҳ., дар асоси маслиҳати пешакӣ бо Раҳимова М.Р., пас аз ҷалбкунӣ ин ҷавондухтаронро бо роҳи ҷойивазкунӣ аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри  Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурда, бархилофи озодии шахсӣ ва иродаашон онҳоро хариду фурўш намуда, беандоза муддати аз ду то се моҳ ҳамчун объекти қонеъгардонии талаботи шаҳвонии шаҳрвадони хориҷӣ истифода бурда, маблағҳои пулӣ ба даст оварда, бо ин роҳ озодии шахсӣ, дахлнопазирии ҷинсӣ, саломатии ҷисмонӣва муносибатҳои ҷамъиятие, ки самти муътадили муносибатҳои ҷинсиро ба танзим медароранд, зарар расониданд.

Айнан ҳамин ҳолатҳо зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати Гадоева М.С., Салимзода Миҷгона низ муайян карда шуданд.

Бо дарназардошти он, ки тибқи талаботи Конститутсия ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи ҳокимияти судии кишвар ба ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат равона гардидааст, бинобар ин нақши суд дар пешгирӣ ва муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон назаррас мебошад.

Муовини Раиси суди шаҳри Душанбе
Раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии
Суди шаҳри Душанбе                                                                                           Бобохонзода Асомуддин

 
Корманди дастгоҳи
Суди шаҳри Душанбе                                                                                           Назарзод Ҷовидон