Гузаштан аз айниятикунонӣ

Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2025 №1046 ва инчунин бо дастури Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо кормандони суди шаҳри Душанбе дар бинои Агентии инноватсия ва техналогияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқе дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод аз айниятикунонӣ гузашта истодаанд.

Роҳбарияти суди шаҳри Душанбе тадбирҳои заруриро баҳри пеш бурдани кор бо тариқи низоми Ҳукумати электронӣ пайваста андешида истодааст.

корманди дастгоҳи суди шаҳри Душанбе

Раҳмонзода А.Р.