ВОХӮРИИ СУДМАНДИ КОРМАНДОНИ ДАСТГОҲИ СУДИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади ҳидоят намудани насли наврас ба роҳи ватандӯстиву хештаншиносӣ,  дар тафаккури онҳо ташаккул додани арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ, маданӣ ва худогоҳӣ санаи 30.05.2024 сол, кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Назирмадзода Д.,Муҳаммади С., Юсуфзода Қ., бо доираи хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 н. Фирдавсии шаҳри Душанбе вохӯрии судманд анҷом доданд.