Вохӯрии судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе бо омӯзгорон, волидон ва хонандагони МТМУ №40-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Дар асоси нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ш. Шоҳиён, судяҳои Суди шаҳри Душанбе Юсуфзода М. ва Раҳимзода А., судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ Сатторзода А.А. ва корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе Маликзода Н.Ғ., Аҳмадзода А.А. ва Назирмадзода Д.Н. таърихи 05 марти соли 2019 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо омӯзгорон, волидон ва хонандагони муассисаи мазкур вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ва “Дар бораи муроҷиати шахсони шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ва коррупсионидошта ва роҳҳои мубориза бо онҳо, ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, гражданӣ, вобаста ба манзил, ҷои зисти кӯдакон ва сабаби бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии парокандашавии оилаҳо бо сокинони маҳаллаи мазкур вохӯрӣ намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

 

Суди шаҳри Душанбе

аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ

Суди шаҳри Душанбе

Аксҳо аз ҷараёни вохӯрӣ

 

Корманди дастгоҳи Суди шаҳри Душанбе